Чӣ хуш мебуд кунӣ эҷоди ашъор...
* * *
Чӣ хуш мебуд кунӣ эҷоди ашъор
зи ҳарфи сафсата, аз ҳарфи ҳазён,
зи ҳарфи ёваҳои хандаовар,
масолеҳи забони сусту арзон,
чу аз холигаҳ, аз сӯроху аз дарз,
зи ҳарфе, к-иштибоҳан аз забон рехт,
аз он гуфтори бемавриду беҷо
ки як аблаҳ ба маъниҳо биомехт, —
ба қасди Хармс борин як турушрӯ,
ки шиша нашканад аз зарбаш алъон,
чу нуре бигзарад, ё мисли боде,
равад беминнату осону арзон,
расад осон чу нури деркарда,
расад аз моварои абри пурзаҳр,
биёяд, даррасад, ҳам бигзарад боз
чу озон аз ҳавои тираи шаҳр.
Чӣ хуш мебуд кунӣ эҷоди ашъор
зи ҳарфи сафсата, аз ҳарфи ҳазён,
зи ҳарфи ёваҳои хандаовар,
масолеҳи забони сусту арзон,
чу аз холигаҳ, аз сӯроху аз дарз,
зи ҳарфе, к-иштибоҳан аз забон рехт,
аз он гуфтори бемавриду беҷо
ки як аблаҳ ба маъниҳо биомехт, —
ба қасди Хармс борин як турушрӯ,
ки шиша нашканад аз зарбаш алъон,
чу нуре бигзарад, ё мисли боде,
равад беминнату осону арзон,
расад осон чу нури деркарда,
расад аз моварои абри пурзаҳр,
биёяд, даррасад, ҳам бигзарад боз
чу озон аз ҳавои тираи шаҳр.




