Навҷавон-шавҳар...

* * *

Навҷавон-шавҳар
ба ними шаб
пеши монитор шишта.
Ғуссавар, бо шубҳа дар сар,
Дил хиҷил,
Бо табъи хира
Ҷустуҷӯ дорад ба
Яndex
Ҳам дигар воситаҳои ҷустуҷӯ —

«Оҳ, дар ҳалли муаммои гарони зиндагӣ кӯмак кунед,
бас муаммои гарон асту қадима!?»

Медиҳад Rambler ҷавобаш,
Бар ҳама гуна саволе медиҳад посух Rambler!

Хеле осон аст, осон
Click — тамом.

Чун шумо ҷустед: Маънии ҳаёт,
111444 сайт пайдо шуд,
ҳуҷҷатҳо:2724010,
навинаш: 3915.