Нек бин нек бин фариштаи шеър...
* * *
Нек бин нек бин фариштаи шеър,
Рӯйгардон ба болҳояш шуд.
Зудбовар чунону зудранҷ аст,
Ашк резад ба шомҳо ӯ зуд.
Дигареро гарону вазнинтар,
Хезад ӯ аз барои истиқбол,
Ӯ наҳиф нест, ҳам қавитар ӯст.
Бар сари мо фариштаи хушбол,
Боли заррин ба дӯши худ ояд,
Бо дурахше фариштаи ашъор.
Зери болаш китоби саҳроҳо,
Бар сари ӯ муҳаббати Додор,
Болҳояш ба пушт рангинанд,
Ҳамчу бори замона вазнинанд.
Нек бин нек бин фариштаи шеър,
Рӯйгардон ба болҳояш шуд.
Зудбовар чунону зудранҷ аст,
Ашк резад ба шомҳо ӯ зуд.
Дигареро гарону вазнинтар,
Хезад ӯ аз барои истиқбол,
Ӯ наҳиф нест, ҳам қавитар ӯст.
Бар сари мо фариштаи хушбол,
Боли заррин ба дӯши худ ояд,
Бо дурахше фариштаи ашъор.
Зери болаш китоби саҳроҳо,
Бар сари ӯ муҳаббати Додор,
Болҳояш ба пушт рангинанд,
Ҳамчу бори замона вазнинанд.




