Бубин, занбӯри зарринболи озод...
* * *
Бубин, занбӯри зарринболи озод
Саморо карда пур аз савту оҳанг.
Ҳавои осмонҳо духтаронрост,
Ҷавононро кашида ҷазбаи ҷанг.
Ману ту бар заминҳо гом монем,
Миёни ярчҳои зиндагонӣ.
Нависам номи худро рӯи шиша,
Дамоми ном ишқу меҳрубонӣ.
Ба дасти туст садҳо сол маҳфуз,
Ба чашмони ту садҳо хоб хуфта.
Ба ман тақдим кун андоми худро,
Бикун тақдим ҳарфони нагуфта.
Даруни боғ оруҳо биҷӯянд,
Паёми неки армони гузашта.
Туро медуздам аз ту ҷовидона
Зи шӯру завқи даврони гузашта.
Даме, ки бар сари дунё парида,
Ману ту боли парвозе кушоем,
Бифаҳмем ин ки беҳуда набуд умр,
Ки фардо ҳам муҳаббатро намоем.
Бубин, занбӯри зарринболи озод
Саморо карда пур аз савту оҳанг.
Ҳавои осмонҳо духтаронрост,
Ҷавононро кашида ҷазбаи ҷанг.
Ману ту бар заминҳо гом монем,
Миёни ярчҳои зиндагонӣ.
Нависам номи худро рӯи шиша,
Дамоми ном ишқу меҳрубонӣ.
Ба дасти туст садҳо сол маҳфуз,
Ба чашмони ту садҳо хоб хуфта.
Ба ман тақдим кун андоми худро,
Бикун тақдим ҳарфони нагуфта.
Даруни боғ оруҳо биҷӯянд,
Паёми неки армони гузашта.
Туро медуздам аз ту ҷовидона
Зи шӯру завқи даврони гузашта.
Даме, ки бар сари дунё парида,
Ману ту боли парвозе кушоем,
Бифаҳмем ин ки беҳуда набуд умр,
Ки фардо ҳам муҳаббатро намоем.




