Захар Прилепин

Захар Прилепин (Евгений Николаевич Прилепин; с. т. 1975) — нависанда, филолог, публитсист, арбоби ҷамъиятӣ, муҳаррир, барандаи телевизион, актер. Барандаи ҷоизаи «Бестселлери миллӣ» (2007), ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Россия (2016), «Китоби бузург» (2014), «Ясная поляна» ва ғ.
Дар вилояти Рязан дар оилаи муаллими таърих ва ҳамшираи шафқат таваллуд шудааст. Вай дар дастаи таъйиноти махсуси милитсия хидмат кардааст, дар амалиёти ҷангӣ дар Чеченистон ширкат варзидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи Лобачевскийи Нижний Новгород аст. Ӯ ба рӯзноманигорӣ машғул ва сармуҳаррири як қатор ВАО буд, барномаҳои муаллифӣ ва мусиқиро дар телевизион роҳбарӣ мекард, дар филмҳо нақш меофарид, мудири адабии МХАТ ба номи М. Горкий буд.
Дар китобҳои Прилепин («Патологияҳо», «Пойафзоли пур аз арақи гарм», «Хонақоҳ» ва ғайра мунаққидон ва хонандагон «ҳақиқати рўзмарраи ҳаёти рус», «хутбаи бениҳоят русии максимализми қаҳрамонӣ», таърихият, пафоси иҷтимоӣ, романтикӣ ва образнокии дурахшонро дарёфт менамоянд».

ავტორის ნამუშევრები

1 სამუშაო