Эҳёи даф 


                Аз рӯи расми шамании Сибир

Эй шамани сибирӣ,
Бар дафи худ барфишон
Аз майи тези русӣ,
Зинда шавад варо пӯст,
Зинда шавад варо шох,
Бешаи шохаш кашад,
Нолаи савти хазин,
Навдаи қурбонии
Руста ба ҷангал чунин,
Мунтазире к-одамон,
Аз дари амри Худо
Кай сари ӯро зананд.
Аз майи русӣ бипош,
Нам кашида даф ба пӯст
Масти наво сар диҳад,
Дар дилаш оварда ёд,
Оҳуи чашми ғазаб,
Дӯхта сӯи камон,
Бар даҳани марги ҷон.
Бӯй набурда, вале
Зинда шудан дар наво,
Гарм садо мезанад.
Савти муноҷоти дил
Аз дари даф деру дур,
Навҳаи пасмарги худ.