Клеопатра*

Баргҳо қолии ҳавлӣ мешаванду меситоям пок Яздонро чу лотасвир.
Ман туро чун Мисри андар коми оташ то зимистон мекунам тасхир.

Қуттиҳои хешро пур мекунад бо ҳазлу шўхӣ қисмати ҳаззол,
Киштиҳои Помпей** ғарқанду Энобарб*** бо сарбозҳо беҳол.

Аз миёни хирагии ахтарону тирагиҳои замон
Бозмебинам, Клеопатра, ки ғайбатҳои мардум чормехат мекунад шодон.

Ман ба туҳматҳо чи сон бовар кунам, чун бар туям мафтун,
Лек Октавий**** бувад дар пушти дар чун рамзи маргу хун.

Ҳамчу аброни дамида бистарам, ман сеҳру афсуни вуҷуди ту,
Ман намедонам, ки дом аст ину маргам омада андар намуди ту.

Бе гила аз неку аз бад аз кафи худ медиҳӣ нўшам,
Мекашӣ оҳу ҳамегўӣ, ки «Антоний, ту мемириву месозӣ фаромўшам!»

Мекунӣ бар нақшаи дунё назар бо тарсу бо ҳасрат,
Чашми мори қуттиат***** тақдири бадро мекунад даъват.

Бо ту мегўям ба вақти обхези охирин, дар шоми пурпартав:
«Меравам ман аз ҷаҳон, рўзе вале мебинамат аз нав!».

Асрҳо бигзаштаву олам бувад аз нури нав огаҳ,
Хешро дар бистар аз чашмам панаҳ бинмуда, менашносиам, оваҳ.

Нест боке! Ман ҳамонам — банди ёду шуълаи он ахтари худсўз...
Мекунам тасхират, эй ҷон, ҳамчу Мисри бостон имрўз!

* Клеопатра — шаҳбонуи Миср, маъшуқаи ҳокимони Рим Юлий Сезар ва Атоний.
** Помпей — лашкаркаши Рим, душмани Сезар.
*** Энобарб — ҷонибдори Антоний.
**** Октавий — писархонди Сезар; асосгузори империяи Рим.
*****Чашми мори қуттиат... — гуфтаанд, ки Клеопатра аз неши мор ҳалок шуда, лекин аксаран
инро рад мекунанд.