Бе муҳаббат зистам ман он қадар...
* * *
Бе муҳаббат зистам ман он қадар,
То ки рафт айбу гуноҳонам зи ёд.
Ман ба уқёнус худро афканам,
То ту бошӣ як нафас, як лаҳза шод.
Аз паси худ медавам дар даштҳо,
Аз муҳаббат то бипурсам дав-давон.
Метавонистам бубахшам ними умр,
Лек баҳри зиндагонӣ ку тавон?
Бе муҳаббат зистам ман он қадар,
То ки рафт айбу гуноҳонам зи ёд.
Ман ба уқёнус худро афканам,
То ту бошӣ як нафас, як лаҳза шод.
Аз паси худ медавам дар даштҳо,
Аз муҳаббат то бипурсам дав-давон.
Метавонистам бубахшам ними умр,
Лек баҳри зиндагонӣ ку тавон?




