Дар куҳаншаҳре зи аъробии нобино...

* * *

Дар куҳаншаҳре зи аъробии нобино
Зери гармои тамуз дорам харид,
Чор соат карда савдо,
Як суроби нуқрагини шеракеро,
Шераки афсонавиро.

Шоҳ Довуди ба дасташ уд,
Як дилак хурду сиёҳак,
Низ ангуштар ба нақши сеҳрангез,
Низ як зангӯлаи симин, Дидаи бедор,

Лухтаке-гирёнчаке, ки мезанад занг — мезанад зангу надорад ист, —
Мехарам бозичае майда,
Мебиёрам, медароям руст карда дар пасам,
Шавқмандона ҳамепурсам: «Биёбаш, дар кадомин даст?»

Мебарӣ пай, ҷони ман, аммо намегӯӣ ту посух.
Соли даҳ бигзашт, бо мо нестӣ.
Нест аммо ин муҳим ҳаргиз.
Он муҳим бошад, ки бошӣ розиву бошӣ саломат.

Кош бошӣ шод аз ин нуқрагин ҳадя,
Кош он ҷое, ки бошӣ ту, маро аз ёд наброрӣ.
Кош бошӣ, кош бошӣ,
Кош ин эҳёи рӯҳии маро бар ман бубахшӣ.