Питсироха
Ман то занги соат бедор шудам ва чашмнакшода рӯи ҷогаҳ афтодаам. Тимофеич то дер футбол шунид ва хомӯш кардани «кулоҳ»-ро аз ёд бурд. Одат шудааст, чун радиои деворӣ пас аз гимни нимашаб худ хомӯш мешавад. Аммо транзистор чизи дигар аст; мешавад чарахакро тобиду то субҳ мусиқии такондиҳандаи бегонаеро шунид, ки амаки Юра Батурини лақабаш Башашкин «ҷаз» меномад. Ва боз нимғурумаҳои хориҷӣ, ҳатто хитойиро низ, ки ба хур-хури хандаовари пишак мемонад.
Субҳ низ бо гимн оғоз мешавад. Нахуст садои ҳамвори клик мебарояд, ки меангорӣ қартаи дарзовардаеро ба патефон мегузоранд. Сипас хонаро ангезаи ҷӯшони Ватани мо, кишваре бо номи мавзуни СССР ва нишони монанд ба тӯбе, ки дар миёни бандҳои гандум парвоз дорад, пур мекунад. Тобистон, ки дар Волга бо бачаҳои деҳотӣ футбол мезадем, ду банд сурхчаи фаромӯшкардаи колхозчиҳоро дарвоза карда будем. Боре тӯб ба об афтид ва ҳангоме ки киштии сапеди бузурге ғурришзанон мегузашт, маҷро рӯи регаш андохт.
Ман дароз кашидаву дар торикӣ гимн гӯш мекунам. Амвоҷи мутантани мусиқӣ чун аз чорошёнаи «Валерий Чкалов» ҷӯш мезанад. Ман аз Шура Казакова меандешам. Ӯ бояд имрӯз ба синф баргардад; ӯро барои табобат як чоряк ба «мактаби ҷангалӣ» фиристода буданд. Чизе бо шушаш рафтааст. Ин хабарро анҷоми дарс Олга Владимировна овард ва розомез ба ман нигарист. Мо бо Шура ҳамаи сол паси як парта нишастем ва он рӯз, ки ӯро бурданд, ман сахт ғамгин шудам ва як ҳафта ба синф наомадам. Гуфтам, сарам мечархад ва дар чашмҳоям магасҳо издиҳом кардаанд; чун дар чашмҳои модаркалонам.
Пизишки маҳалла Скорнякова пурсид:
— Магасҳои сиёҳ?
Ман бардурӯғ гуфтам:
— Магасҳои сапед; Бизони Танҳои пешвои сурхпӯстҳо поғаҳои барфро чунин меномид.
Ӯ андешаманд мӯлабҳои тунукашро молид:
— Аҷиб. Бояд озмоиш бидиҳӣ. Ва ғизои хуб бихӯрӣ. — Модар, ин чӣ ҳол? Қабурғаҳо мисли тахтаи либосшӯӣ. Фаврӣ рӯғани моҳӣ!
Кош поям мебаромад. Падару модарам, албатта, зуд бовар карданд. Модаркалон Аня ҳатто шод шуд: «Дидед! Гуфта будам, ки камхунӣ. Бубинед: мурдаи дар тобут сурхрӯтар аз ин аст». Албатта дурӯғ мегуфт: Шутови лӯдар******** аз ошёнаи ду бадтар аз ман аст. Вақте ҳамсояҳо дар ҳавлии хобгоҳ бо ӯ видоъ мекарданд, мо, бачаҳоро, ба тобут наздик шудан намонданд, аммо ман аз паси тӯда рӯи беҷону ба сӯе хами ӯро дида будам. Ранги пӯсташ мисли ҷокети кӯҳнаи ман хокистарӣ обӣ шуда буд. Дастҳои баҳамчаспидаашро, ки бо онҳо худро кушта буд, низ дида будам. Ваҳшат!
Лида, ки аз боби ғизо шунид, зуд паси равғани моҳӣ ва гематоген, ки гумоне шоколадро ба ёд меорад, ба дорухона давид ва раҳораҳ ба ғизофурӯшии кӯчаи Бакунин ҳам даромад, ки як мураббаъ ховёри сиёҳи фишурда ва сад грам моҳии ситораии мисли коғази обчин тунук буридашуда низ бихарад. Ӯ мутмаин аст, ки бачаҳои бемор бояд ҳатман ховёр ва моҳии ситораӣ бихӯранд, на шириниву санбӯсаи «Картошка» ё, ба масал, вафлии «Достони ҷангал», ки ман сахт дӯсташ медорам. Бузургсолон чизе дар мавриди ғизо намедонанд.
...Падарам, ки садои мусиқӣ ногаҳ бедораш карда буд, бо овози баланд бад мегуфт. Дар хобгоҳи мо ҳама ӯро Тимофеич меноманд. Ӯ рӯи кати ғҷиросӣ нишаставу торикиро мепармосад, ки садоро хомӯш кунад ва ниҳоят дармеёбад, ки кори транзистор не, «кулоҳ» аст. Мусиқӣ бори дигар ҷӯш мезанад ва канда мешавад.
Юраамак (номи маро ба ифтихори ӯ мондаанд) бовар мекунонад, ки матни гимн пештар ифтихор аз Сталин буду гурӯҳӣ хонда мешуд, Хруши ҷуворӣ аммо дубайтиҳои куҳнаро лағв карду навашро ҳеч ки нанавишт. Инак танҳо мусиқӣ мондааст. Аммо Хрушеви калу ишкамкалони кулоҳи қатупат бар сару се ситораи қаҳрамон пеши бари пиҷаки китфонаш овезонро соли гузашта барои девонагию дӯғу дарангаш маъзул карданд. Ӯ ҳамаи гандуми моро ба Куба дод ва ман ночор дар навбати нон истодам. Калонсолони пушти мизи якшанбеҳо ин навгониҳоро аз рӯи одат бо садои нимашунаво гарм муҳокима мекарданд. Онҳо, ҳар бор, ки сухан аз сиёсату яҳудиҳо равад, ҳамеша чунин мекунанд. Башашкин ба ман мегуфт: пештар барои сухани бад дар ҳаққи пешвоён ба зиндон мебурданд, инак, албатта, зиндон намекунанд, тарс аммо мондааст.
...Тимофеич оҳувоҳкунон мехезад ва хушхабарҳои рӯҳбахши пагоҳониро аз боби кандани «як кӯҳ» ангишту «марҳалаи савуми корхонаи ғанисозӣ» хомӯш мекунад. Ман нонворо тасаввур мекунам, ки на як, балки се қатор навбат дорад. Падарам агар бегоҳ ба ҷои репродуктор, ки дар гӯшаи боло насб асту воқеан ба кулоҳи сиёҳ мемонад, транзистор гӯш мекард, инак, мисли Шутови бадбахт рӯи чорпоя намебаромад. Тимофеич аммо Лидаро ранҷондан нахост.
Масъала ин аст, ки ба ӯ ба ифтихори 23-юми феврал радиои кӯчаки «Сокол» ҳадя карданд, ки мешавад атрофиёнро ғам надодаву монанди кисаи оби гарм ба гӯш ниҳодаву гӯш кард. Лида ғурбат мекунад: «кулоҳ» ройгон гап мезанад, барои «Сокол» ҳар вақт ба чил тин батареи «Крона» бояд харид. Ғурғури Лида аммо аз бахилӣ не, ӯ бовар дорад радиоро ба падарам кумитаи корхона не, Тамара Саидовна номе аз шуъбаи барномарезӣ туҳфа кардааст. Аммо Тимофеич беохир «қасам ба номи ҳизб» мехӯрад ва Лида, ки узви КПСС аст, вазифадор аст ба ӯ бовар кунад.
Падар бо садои хафа мепурсад:
— Боз ин чист?
Лида асабӣ мешавад:
— Накун. Дастата гир! Мон хоб равам!
— Баъди ним соат, ки мехезӣ.
— Накун мегӯям! Профессор бедор ба назарам...
— Мехоҳӣ фаҳмам? Ман медонам кай худаша ба хоб мезанад.
— Намехоҳам! Рав радиои Тамарая гӯш кун!
— Боз сар шуд! Ман дар гӯям, ин девор мегӯяд!
Падарам хашмӣ кати ғиҷиросиро тарк кард. Пушти тиреза нав хокистарӣ мешуд. Пероҳани сапедаш дар торикӣ худ роҳ мерафт, пиндорӣ, ӯ Одами Номаръӣ******** шуда буд. Ин китобро мо бо модаркалонам Елизавета Михайловна дар меҳмонии Батуринҳо, ки ба сабаби тангии ҷо маро зери кат мехобониданд, хонда будем. Баъд ман лоф мезадам, ки чӣ гуна рӯзҳо дар хобгоҳ сайркунон ба ҳар хонаи хостаам сар мезадаму касе пай намебурд. Ба ростӣ, дар мо ба хонаи ҳар кадом ҳамсоя бидуни даъват мешавад даромад. Агар вақти шомхӯрӣ бошад, туро паси миз мешинонанду табақатро аз макарону гӯшт ё картошкаи бо пиёз дар чарбу зирбонида пур месозанд ва нигаҳ ба дулунҷа хӯрданат дӯхтаву (арчанд дар хона ин ғизоро баночор мехӯрӣ) аз баҳои чанд гирифтанат мепурсанд. Чӣ чизи дигаре аз хонандаи синфи чор метавон пурсид?
Ва агар нохоста ба дидани Алексеевнаи мо равӣ, ӯ ногузир садумин бор финҷони бо моногроми шоҳиро, ки соли 1913 дар Ходинка ройгон ба ӯ ҳадя карда буданд, нишонат медиҳад. Хонаи ӯ ҳамеша бӯи валерион медиҳаду гурбаи сиёҳи «Сиган» мисли маймун рӯи пардаҳо меҷаҳад.
Ҳамсояҳое, ки ман дар меҳмониашон набудам, танҳо Комковҳо ҳастанд. Онҳо умуман касеро ба хонаашон роҳ намедиҳанд ва худ низ ҷое намераванд. Мӯсапеди Комков гаҳгоҳе дар тан шими пахтадор ва куртаи хокистарранги чашмногире бо кисаҳои сарисинагии ямоқӣ рӯи ҳавлӣ офтобхӯрӣ мебарояд. Ӯ ҳеч гоҳ бо мардҳое, ки зери тиреза тақ-тақи донаҳои доминоро баланд мекунанд, ҳамроҳ намешавад. Ҳамсояҳо ӯро аз пас «офат» мехонанд. Яке мегӯяд, ки ӯ даҳ сол зиндон шудааст, дигаре мегӯяд, ки ҷангал буридааст, ба гуфти саввумӣ умраш дар таҳхонаҳои зиндон газаштааст. Кӯтаҳи гап, маълум нест ӯ он ҷо чӣ коре мекардааст. Хонаводаи сершумораш дар ду ҳуҷраи бодаҳлез, ки лагани шустушӯ низ дорад, бе сару садо ба сар мебарад. Гаҳгоҳе аз он ҷо буйи баду шадиде ба машом мерасад.
Башашкин ҳангоми ғизои шом тахмин мезанад:
— Самагон мекашанд.
Валяи зани Юра таъкид мекунад:
— Самагони хуб беҳтар аз арақ аст.
Лида бо тааҷҷуб ба хоҳараш менигарад:
— Аҷаб! — Кори бадест!
Ва шубҳаангез ба падараш менигарард:
— Рост: Комчихаро бо халтаи шакару хамирмоя дида будам.
Падар нигоҳашро мегурезонад ва хашмӣ мегӯяд:
— Малиса куҷост?
— Ариза бояд навишт. Айби онҳост, ки Шутов майзада шуд!
Модаркалон Маня оҳиста мегӯяд:
— Кордор нашав, Лида. Унҳоро суд мекунанду ту, духтар, шарманда мешавӣ!
Намедонам чиро ман низ чун модаркалон, албатта, хаёлан, модарамро ба ном-Лида мегӯям. Арчанд ӯ бузург шудаву шӯ кардаву ману Сашаро (ӯ инак дар кӯдакистони шаборӯзӣ аст) ба дунё овардааст, ботинан аммо, ба назарам, ҳамон духтараки кӯчак аст, ки ҳангоми эвакуатсия аз қатор дер кардаву гирякунон дунёро ба сар бардошта будааст.
...На, пас аз Одами Номаръӣ шудан низ, ман хоҳиши ба хонаи Комковҳо сар задан надоштам, арчанд пионер вазифадор аст аз ҳар чизи машкук ба малиса хабар диҳад. Ҷоҳои ношинохтаи дигаре низ ҳастанд... Тобистони пор дӯсти ман Вовка Лемешев баҳс кардаву аз тирезача вориди души духтарона шуд. Ғавғои бузург бархост, зеро мушовири мо Зоя он ҷо шустшӯ мекардааст ва мӯи зиҳораш бештар аз мӯи сараш будааст. Вовка инро ба ҳама гуфт ва кам монда буд, ки аз лагери пионерон ронандаш...
Тимофеич қуттиро такон додаву назди тиреза меояд, ба зону рӯи тахтонаи пасти мармарӣ меистад, бодвонаро боз мекунад ва гӯгирд мезанад, ки оташаш дар кафҳои таҳкардааш ёде аз чароғи зери соябони сурхи бибиам меоварад. Мӯҳои ҷингалаашро нури қирмизӣ нағз равшан мекунад, абрӯвони захиму рухсораҳои нотарошидааш, ки ҳангоми сигор кашидан фурӯ мераванд, низ хуб дида мешаванд. Ман оҳиста сар аз зери кӯрпа мебарорам: дуруст, падарам болои қафасоби ман дуд мекунад ва хокистари сигораш ба об меафтад, ки барои моҳиҳо хатар дорад. Хона бӯи «Беломор» мекунад ва аз бодвона ҳавои тоза медарояд. Лида асабонӣ ҳушдор медиҳад:
— Кӯдака шамол мезанад!
— Бигзор обутоб ёбад. Аскарӣ наздик аст.
— Пӯш!
— Сигора тамом кунам, мепӯшам. Хоб кун! Ту ки хобидан мехостӣ.
Март. Шабҳо ҳоло сарданд. Ба гуфти момои Аня «ҳут агар ҳуттӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад». Аммо баҳор дар роҳ аст. Барфрӯбҳо яхи рӯи роҳҳоро, ки монанди «Китоби ғизои солим» ғафс аст, бо мисрон мешикананд. Пораҳои бузургро чун аҳромҳо тал задаанд, вале ҳоло бурдаву ба Яза нарехта буданд. Мо теппабозӣ мекунем. Маро аз теппаи баландтарин партофтанд, дар кӯлаки рӯи роҳ задам ва ҷокети навро, ки холаи Валя дар зодрӯзам бофида буд, дар лойи равғанӣ олудам. Ваҳшат!
Нахуст хостам чиркро бо атсетон тоза кунам. Атсетонро пинҳонӣ сокини ҳуҷраи шаш, баҳрнаварди собиқ Гришаамак ба ман дод. Нашуд. Пас аз он ки падару модарам ба басти бегоҳӣ рафтанд, об ҷӯшонидаму нимбрикет собуни ҷомашӯиро дар лаган андохтам, дар натиҷа ҷокети сапед монанди мурдаи Шутов хокистарӣ сурбӣ шуд. Оби собунолудро ғич кардаму ҳадяи холаро зери диван андохтам ва интизори бесарии дигарам шудам, ки кайфари ҳардуро ба якбор барам.
Лида баъди бозгашт аз кор пурсид:
— Аз чӣ хона бӯи нам медиҳад?
— Оби моҳиҳоро иваз кардам.
— Хуб кардӣ, варна чун ун дафъа мемуранд!
— Ун дафъа хокистар кушт!
...Тимофеич бо диққат маро менигарад ва дар фосилаи хатарнок аз қафасоб «Беломор» мекашад, ки ҳатто пашшаҳои бади Волга тоқаташро надоранд. Ман инро ҳис мекунам ва мекӯшам ҳеч наҷунбам. Ӯ маънидор ба Лида мегӯяд:
— Профессор хоб аст.
Лида қотеъона посух медиҳад:
— Не!
«Професссор» яке аз лақабҳои ман аст. Падару модарам мегӯянд, ки ҳанӯз дар кӯдакистон маро чунин мехондаанд. Ба суоли маъмулии «ман рӯзро чӣ гуна пушти сар кардаам?», мураббиҳо мегуфтаанд: «Хеле хуб! Дигарҳо дод мезананду бесарӣ мекунанд, бачаи шумо ҳамеша андешаманд мешиннад, мегӯӣ профессор аст. Бача не, муъҷиза. Баъд ин лақаб фаромӯш шуд ва ман ба дунболи гемоглобини паст «Ғози покалон» шудам. Сипас муддате «Питсироха» хонда мешудам. Ва гаҳгоҳе то имрӯз чунин номам мебаранд. Ин қиссаи дигар аст.
Муддатҳо пеш, ки ман синфи якро хатм карда будам, мо бо Батуринҳо соҳили баҳр, ба Афони Нав рафта будем. Иттифоқан, соли гузашта ман аз он ҷо гӯшмоҳии бузурге ба Шура Казакова ҳадя овардам, ки бо дасти худ ба душвор аз қаър бардошта будам. Аммо ҳангоми кашидани рапани обпаз бо сим зоҳиран бадани пурзарқу барқашро бад чанг зада будам, ки дум дар дохил монд. Гӯшмоҳӣ то ба Маскав расид, ки фосид шуд ва бӯи бадтаре аз бӯи хонаи Комковҳо дод. Момои Маня кунҷу канораҳои хонаро даст задаву мегуфт:
— Муш оё мурдааст?
Аммо ба пушти батарея таваҷҷуҳ накард. Ман барои наҷоти ҳадя ба гӯшмоҳӣ атри «Красная Москва» рехтам, ки Тимофеич дар ҷашни Ҳаштуми март ба Лида ҳадя карда буд. Дар натиҷа бӯ бадтар аз он шуд, ки буд. Гӯшмоҳиро ночор болохона баровардам ва дар бастаи рӯзномаҳои куҳна ҷо кардам. Бигзор шамол хӯрад. Шура аммо бозпас ба «мактаби ҷангалӣ»-аш баргашт. Ба дер нарафт, ки дар хона камбуди возеҳи шишаи печдорро, ки дар қуттии мӯқалами сурх ҳифз мешуд, пай бурданд. Ва Лида гиряолуд мегуфт:
— Чӣ балост? Атр куҷост?!
Ночор дурӯғ гуфтам, ки ангуштамро буридам, йод ки набуд, бо атр зиддиафунӣ кардам. Ин афсона пазируфта шуд; момои Аня дар кӯдакӣ наздик буд аз заҳролудшавии хун мемурд. Маро ба хотири ҳушёриам таъриф ҳам мекарданд, аммо фаҳмашон намерасад санҷанд, ки ним шишача атр куҷо рафта буд.
— Офарин, Питсироха, минбаъд фаромӯш накун, ки йод паҳлуи валерианка дар буфет аст. Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам!
...Падарам ҳамон сигор мекашад ва дудро аз бодвона берун пуф мекунад. Хокистарро, албата, ба қафасоб меафшонад. Ваъда ки дода буд! Ҳалқаҳои дуд, ки нури чароғи пушти тиреза симгун сохтааст, лоя-лоя ба кӯча шино мекунанд. Ба назар мерасад, ки Тимофеич ҳанӯз мутаваҷҷеҳи ман аст, ки хобам ё бедор. Ман ба хотири итминони ӯ хир-хир мекунам ва лаб мелесам. Лида бо садои хафа талаб мекунад:
— Аз қафасоб дур шав! Моҳиҳо мемиранд.
— Ҳама мемирем.
— Ту ба Питсироха қавл дода будӣ!
— Ту ҳам ба ман ваъдаҳое карда будӣ...
...Замоне, ки ба Афони Нав мерафтем, ҳаво сахт гарм буд, қатор дар истгоҳе бозистод ва маҳаллиҳои баландовоз бо сатилчаҳои зардолуву тикаҳои тути сиёҳ ба тирезаҳои боз дарафтоданд. Як холаи пурсарусадо ба ҳар касе ғози бирён пешниҳод мекард, ки субҳ ҳоло зинда будааст гӯё. Мусофирон лошаро бӯ мекашиданду бовар намекарданд. Зардолуҳо низ ба назари аммаи Валя чандон тоза набуданд. Аммо қатор, ки ба роҳ афтод, ҳамагон бехудона ғизо харидан гирифтанд. Барои ғоз наздик буд гиребонгирӣ мекарданд. Ман он вақт алифбо хонда будам ва ҳар набиштаеро сарфаҳм мерафтам. Ва бо садои баланд мехондам, аз ҷумла номи истгоҳеро, ки пушти тиреза шино мекард: «Пит-си-ро-ха».
Қаҳ-қаҳ вагонро ларзонид. Ҳатто мусофири туршрӯи майкаи арақолуд ба тан, ки ду тини бақия аз фурӯшандаро фаромӯш карда буд, нохост табассум кард. Дар асл ин истгоҳи обхозӣ «Псирсха» ном дошт. Аз дигар вагонҳо низ шӯхтабъҳо ба дидани мани босавод меомаданд. Ва ман то дер ё шояд барои ҳамеша «Питсироха» шудам.
Чанд гоҳе «делегатор» низ будам ман. Боре рӯзи якшанбе боғи вуҳуш рафтем, шеру палангу шутурмурғу филро дидем ва ба ҷустуҷӯи тимсоҳи аллигатор афтодем. Ёфтем. Ман илҳом гирифтаву аз падарам хостам маро сари шона бардорад, ки ун ҳаюлоро хубтар бубинам. Чун болои сари тӯда шудам, фарёд задам: «куҷост ун делегатори шумо!» Ҳама ба якбора хандиданд. Анҷумани навбатӣ наздик меомад, субҳ то шом аз радио чӣ гуна аз тамоми гӯшаканорҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав омадани вакилон тарғиб мешуд. Ба кадом роҳ «делегат» ва «аллигатор» дар мағзи ман ба «делегатор» бадал шудаанд, намедонам. Аммо ба ҳама писанд омада буд. Бакашкин инро ба ҳамхидматонаш дар оркестри низомӣ қисса кардааст ва онҳо ба ман дуруд фиристодаанд. Лақаби «делегатор», албатта, ба дур нарафт. Дар урдугоҳи пешоҳангон аммо ба ман лақаби «Шаляпин» ва ба ду дӯстам «Лемешев» ва «Козловский» сахт часпид. Чаро? Ин қиссаи дигар аст.
Чандест дар хона маро боз «профессор» меноманд, арчанд хушбинии қаблӣ мушоҳида намешавад. Ба наздикӣ ман маркаҳои ҳадяи Сергей Дмтриевичи ҳамсояи Бакашкинро ба тахтчароғаки хитойии филтрҳои рангадор иваз кардам ва инак метавонам сар таҳи кӯрпа китоб хонам. Падарам аммо ба далеле сахт хашмӣ мешаваду дашном медиҳад, парер кӯрпаро аз болоям кашиду чароғакро гирифт.
— Бихоб!
— Намехоҳам!
— Намехоҳӣ, мон падару модарат хобанд!
— Ман ки халал намерасонам. Зери кӯрпа мехонам.
— Нафасат мегардад!
— Намегардад.
— Нороҳат мекунӣ!
— Чизе намекунам.
— Чароғаки кӯдака те. Мон каме хонад...
— Не, намемонам! Мисли бобош айнакӣ мешавад. Кӯр ки шуд, ту мехӯронияш? Ту?
Ман қатеъона гуфтам:
— Кӯр намешавам.
— Хоб кун! Китоба ба ман те!
Лида бо тантанаи номафҳуме аз ман пуштибонӣ кард:
— Худ чизе намехонӣ, бигзор писарат хонад.
Тимофеич радиоро фаъол кардаву дар эфири тарфадор кадом барномаи варзиширо ҷустуҷӯ кард ва дӯғ зад:
— Хондана нишонатон медиҳам!
Зан бетафовут хамёза кашидаву гуфт:
— Мегӯӣ, завком туҳфа кард?
Падарам хашмӣ аз баста сигоре берун овард ва чун имрӯз назди тиреза шитобид:
— Боз ҳамун гап!
Аҷиб, ки чизи муфиде чун радиои «Сокол» дар ҷилди чармӣ чӣ қадар мушкил метавонад орад! Ҳамин ҳоло Тимофеичи бечора бинӣ кашидаву сигорро то охир мебарад, таҳсигорро аз бодвона ба берун меандозад, ки чун гулӯлаи радёб дар торикӣ фурӯ меравад. Ва бо садои гилаомез ба модар мегӯяд:
— Профессор дақиқан хоб аст... Хуб, Лид!
Ӯ қотеъона мегӯяд:
— Не!
Падарам дандонкиравҷа ба курсиҳо пешпо хӯрдаву садои лифу истакони плостикро баровардаву саранҷом дастмоли вофлииро, ки дар ниматорик медурахшад, пайдо мекунад ва сари шонааш меандозад. Ва дар остона тунд мепурсад:
— Ба ту навбат гирам?
— На, ман имрӯз соати нуҳ такмили ихтисос дорам. Ками дигар мехобам...
— Бихоб, бихоб!
Дарро сахт пӯшидаву ба ошхона пушти риштарошиву шустушӯ меравад. Агар дар ташноб навбат набошад, даҳ дақиқа пас бармегардад.
Лида дар ҷогаҳ паҳлӯ мегардад ва аз пасаш ғур-ғур мекунад:
— Тубака берун бар.
Ман машкук ба гунощам бо чашмони баста аз Шура меандешам. Пеш аз дарс бояд ба болохона бароям ва гӯшмоҳӣ агар шамол хӯрда бошад, онро ба ифтихори бозгашт аз «мактаби ҷангалӣ» ба ҳамсинфам туҳфа кунам. Агар шамол нахӯрда бошад? Пас мешавад ба ӯ дар қуттии майонез гуппии думҳиҷобии қирмиз туҳфа кард. Аз ин гуна моҳичаҳо зиёд дорам ман; онҳо зиндазоянд ва бетанаффус ба шуморашон меафзоянд.
Аммо ногаҳ садоҳои аҷибе мешунавам ва чашм мекушоям; Лида дар пероҳани хоб радиои «Сокол» дар даст рӯи кат нишастаасту мегиряд. Бад аст! Ҳомин ҳолӣ Тимофеич муаттар аз атри «Шипр» бармегардад. Дар ҷойи буридаи рӯяш маъмулан пораи хунолуди рӯзнома часпонида шудааст. Ва мепурсад:
— Ғур-ғур мекунӣ?
Зан мегӯяд:
— Ана боз.
Ва ногузир аз Тамара Саидовнаи бахши барномарезӣ гап мекушояд, сипас онҳо баҳс мекунанд, падар аз зери кат ҷомадони фибрии мураббаъҳои филизидорро берун мекашад, ҳамин инак назди момои Анна ба Чешух рафтанашро эълом медораду ба ғун кардани либосҳояш мепардозад ва тӯлонӣ фаҳш гуфтаву ягона галстукашро, ки ҳамеша вақти баҳс куҷое нопайдо мегардад, меҷӯяд.
— Медонам Чешихаатро. Рав, рав!
— Боз ҳамон! Ман осмон гӯям, ин ресмон мегӯяд!
Ба ҳеч ваҷҳ набояд ба ин кор иҷоза дод. Ман, гӯё нав бедор шуда бошам, танамро кашиш додаву намоишкорона мижа мезанаму хамёза мекашам. Лида зуд ашкашро пок мекунад ва кӯрпаро ба китф мекашад:
— Бедор шудӣ, Питсироха?
— Ҳа-а...
— Дина пеш аз хоб чӣ мехостӣ гӯӣ?
Дина мехостам ба ӯ гӯям, ки модинаи хурӯсак тухмрезӣ кардаву мурдааст, бозори Паранда пушти моҳича бояд рафт, ки панҷоҳ тин мешавад. Равуо бо трамвай шаш тин,чил тин моҳича, чор тини дигар газоби шарбатдор. Аммо чизи дигар мегӯям.
— Ҷанг намекунӣ?
Хавотиромез мегӯяд:
— Баста ба чӣ пурсиданат аст.
Ман мехезам ва чароғро равшан мекунам. Равшании заҳрдори барқ хонаро пур мекунад. Чашмони модар сурх аст. Ӯ ноаён гӯшаи галстуки падарро зери болишт мекунад. Ман худро ноумеду ғамзада гирифтаву бинӣ кашидаву рӯпӯши диванро мебардорам ва аз даҳони чангзадааш ҷокети хароби худро, ки ҳанӯз тар асту бо мағори сабзранге пӯшида шудааст, берун меорам.
Лида ваҳшатзада мегӯяд:
— Ин чист?
— Ҷокети аммаи Валя...
— Э вой. Падарат мекушад!
Маро, албатта, касе намекушад. Шояд торсакӣ зананд. Тимофеич, чун Катовский шамшерашро аз ғилоф, дар як он тасмаи миёнашро берун меорад, маро рӯи диван меафтонад ва бо ними зӯраш ба задан меоғозад, модар бошад, дасти ӯро мегираду зорӣ мекунад:
— Бас, Миш, бас! Кӯдак аст...
Аммо ба эҳтимоли зиёд пеш аз он ки нахустин зарбаи газанда ба дунбаи урён хӯрад, ман ба ҳавлӣ мегурезам. Ба назар мерасад, ки Тимофеич дониста тасмаро тӯлонӣ алвонҷ додаву поин намеорад, ки ман фирор кунам. Ва ман рӯи ҳавлӣ миёни қуттиҳо пинҳон ранҷ кашидаву аз он меандешам, ки духтаронро низ, ба масал Шура Казаковаро, барои бесарӣ шаллоқ мезананд ё не? Агар ҳа, ба гумони ғолиб бо таноби бозӣ мезананд. Пас аз ним соат бармегардам, зеро ба мактаб бояд рафт. Шояд дар зинаҳо падари хушҳоли аз кор дермандаро мебинам. Ӯ шояд давдавон силии оштиҷӯёнае ба пушти сарам мезанад. Ман ранҷидахотир рӯ метобам ва як-ду рӯз танҳо бо моҳичаҳоям гап мезанам. Вале падару модарам ҷанҷол намекунанд ва касе ба Чешух намеравад.
Аҷиб, ки онҳо ҳамеша, пеш аз он ки маро ҷазо диҳанд, оштӣ мекунанд...
* Лӯдар — грузчик.
* Одами номаръӣ — человек-невидимка.