Яке барги заранге зад ба тиреза...

* * *

Яке барги заранге зад ба тиреза,
дилаш мехост бидрояд, сипас зад ғайб,
куҷое рафт бар умқе, ба мағзе ё куҷоҳое
ва ё овард ӯ худро фурӯ бар ҷайб.

Таҳи барфанд рахшанда чароғакҳои ботилҳо,
алоқа карда, мегӯӣ, ба соҳилҳо.

Вале фотимачумчуқ бо кабўтарҳо,
ҳама парвоз мегиранд аз як ҷо.

Ба деҳоти фарогиртар
Ба он амвоҷи торикиву хира пораҳои вақт
Ба ҳукми лаҳзаҳо, дар ҳолаи фурсат
Ҷаҳон бебозгаште мешавад дигар
Ба ҳукми қатъии Довар.

...Ба сӯи пайраҳи торику рӯшан дил ҳамехонад,
Ба сӯи пайраҳе, ки баргҳояш сӯхта дар моварои барф.
Пас аз чанде шавад даҳсолагии марги Похлёбкин,
ҳамон кайвонии Подолск, к-имрӯз.
                                    Намеҷӯяд касе ҳам қотилонашро.