Паканаҳо бар дӯши пайкарбузургон
Не ҳама пайкарбузургон
доранд ҳавсалаву вақт
то дастгирӣ аз паканаҳо кунанд. Вале
паканаҳо ба айёрӣ ёбанд имкон,
ки дасгирӣ кунанд аз пайкарбузургон лоақал бо қисмҳо:
бин, пакана
ҷигари пайкарбузургро медорадту нишастаӣ дар ҷигари манҳасрат мекунад қавипайкар ва менишонад
паканаро бар сари китф. Боз
пакана даст мегирад шуши ӯро, халал оварда
ба нафасгириву нафасбарорӣ, пайкарбузург
паканаро ба сари китф мепартояд.
Инак, пакана нақши атлантро гирифта
Аз дили ӯ дастгирӣ мекунад, бо пичиррос:
аз ҳама ҷои муҳим ин дил бувад — ин меъдаяк,
боз он пайкарбузург ӯро
мебарад сӯи равшанӣ
менишонад бар сари китф.
Паканаҳо даст мегиранд себҳои чашмро
Бурда лаззат аз акси осмон дар онҳо,
Онҳо ба рахнаи гӯшҳо медароянд
Ва қатра-қатра овои уқёнусро медузданд,
мекӯшанд тела дода ҳамдигарро
устухонвор зери забонаш медароянд,
то ба нутқи пайкарбузург расонанд таъсир,
ба ҳам зич пайваста гурӯҳе ташкил медиҳанд
ба дастгирии сохтори мағзи сари пайкарбузург,
бо кӯшиши ба ҳам овардани нимкурраҳои чапу рост.
Онҳо ҳама ҷамъ мешаванд дар сари китфони пайкарбузург,
онҳо каф мезананд бар сари китфони ӯ,
паканачаҳои дил, паканачаҳои фикр,
паканачаҳои нутқ, паканачаҳои рӯҳ —
рӯҳ мегирад фаро, вақте к-аз баландии
китфони бегона, онон авезон мешаванд, месароянду мерақсанд
инак, ту худ мерақсӣ
дар зери навои нойи мураттаби дастаи онон.




