Андрей Рубанов
Андрей Викторович Рубанов (с. т. 1969) — нависанда, сенариянавис ва рўзноманигор. Барандаи ҷоизаҳои «Ясная Поляна» (2017) ва «Бестселлери миллӣ» (2019).
Дар деҳаи Узуновои вилояти Москва таваллуд шудааст. Ӯ дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва таҳсил карда, ронанда, сохтмончӣ ва соҳибкор буд. Дар дастгоҳи намояндаи ваколатдори Федератсияи Русия дар Чеченистон котиби матбуотӣ будааст.
Соли 2005 китоби нахустини ў — романи автобиографӣ «Шинонед, нашъунамо менамояд» ба чоп расид. Баъдан китобҳои «Орзуи бузург», «Зиндагӣ хуб шуд», «Хлорофилия», «Замини зинда», «Йод», «Психодел», «Меҳандўст», «Финист — шоҳини равшан» ва «Огоҳии тўфон» (якҷо бо Василий Авченко), «Инсон аз дарахти сурх» ва ғайра чоп шудаанд.
Дар жанри «реализми нав» ва фантазия асарҳо меофарад. Мунаққидон таъсири равшани насри Эдуард Лимоновро дар эҷодиёти Рубанов қайд мекунанд. Қаҳрамонони Рубанов далер, бераҳм, бо шавқу ҳаваси бузург зиндагӣ мекунанд. Дар баробари ин насри ў дорои хусусиятҳои худистеҳзоӣ ва андешапарварист, аксаран «романи балоғат» («романи ба камолрасӣ») буда, шуури инсонро дар давраи дигаргуниҳои бузург инъикос мекунад.