Чун керосин ҳаёт месӯзад, ҷилва карда ба рангҳои кабуд...
* * *
Чун керосин ҳаёт месӯзад, ҷилва карда ба рангҳои кабуд,
Дар пари шӯълаи мурдаи бед зиндагӣ боз як даре бикшуд.
Хаста модар бихуфт, афришта болу парҳои хешро таҳ кард,
Нигаҳам бигзарад ба осонӣ аз тани гунги шишаҳои сард.
Шом дар ҷунбуҷӯл мебошад, ҳамчунон гурбае ба хокистар,
Нони гарми ҷуворӣ осояд рӯи мизи саодати модар.
Як Худованд меҳрубон бо мост в-андар оромгоҳи деҳаи кӯчак
Ёбад арвоҳи рафтагон ором, устухонҳои хушкашон як-як.