Суруди алла барои Одиссей
Ӯ бигӯяд: бонуи бечораи ман, Пенелопа,
ту тамоман пир гаштӣ, то мани аблаҳ гирифтори худам будам ба ҷода,
Амрико яхпӯш гашта, Аврупо ойинаи бишкастааст,
асрҳои зинда танҳо пеши пойи ту фитода.
То ту дар оворагӣ будӣ, азизи ман, заминҳоро юнучқа зер кард,
часпаку сурхак юнучқа бо пари баргони тунди дилнамуд,
вақти озодӣ басе бофида шуд, дӯхта бо нахли борики юнучқа,
ман ба ту шарбат бихобонам зи баргони кабуд.
Нӯш, киштиҳои ҳарҷогард оянд аз ҷануб,
нӯш, домодон ҳама мурданду андар баҳр афзун шуд сукунат,
нӯш, фарзандон калон гаштанд, мепӯшанд акнун Амрикоро,
нӯш, Одиссейо, шукуфад осмонҳо!
Мавҷҳои хоболуд дӯстдорӣ карда мечаспанд ҳамчун бодбезак
бар саропои алафҳо, ҷамъ бинмуда канори ҳадди меҳанро ба ҷӯш,
ҳамчунон афсонаи ширини сидқ оварда бо ҳам рӯҳҳоро,
нӯш, бепарво бинӯш, эй шодии ман, шодии бигзаштаи ман, нӯш!


