Россия


                       чаккабанди* нақшӣ то абрӯ
                                                             А. Блок

Салиб аз дасти испедат ниҳодӣ,
рухонат то ба абрӯ ранги дигар,
на рӯмоле ба сар, не чаккабанде,
кулоҳи бейсболӣ дорӣ бар сар.
Кулоҳат чун шавад фартут, фаранҷӣ
фиристонад туро ҳамсоя бо шавқ,
чу фарзандат биёяд, ман чӣ гӯям
туро гоҳе, ки бинад андар ин тавқ.

Қадам монда, давон рафтем майдон,
ба дандон дошта ними ҷаҳонро.
баланд аз қоғазу аз рангҳо мо
навишта ҳарфи худ дар рейхстагҳо.
Гунаҳ бо ин ҳақириву асорат
Чӣ будӣ ту, кӣ будӣ ту, чаро, чун,
Зи шаш як қисмати олам ту будӣ,
Ба д-ин анбӯҳи ҷангалҳои афзун.

Чу шуд он охирин ақли ту хира,
ҳақоратшап туро бурданд духтур,
ту аммо бурд кардӣ дар лотерей,
зи нав кардӣ зи хурсандӣ қадаҳ пур.
Бимон, ман ҳам бинӯшам то ба охир,
аз ин бода қадаҳ саршор карда,
Бидуни нӯшбодӣ, бе ягон ҳарф
бинӯшам то ба поён, то ба дурда.

Ба рӯи сангҳо шинем хуррам,
биё, ин аккаҳоро тарс дода.
Биё, бо ин шукӯҳи ҳукмдорӣ
фано бар нӯшидан бахшему бода.

Биё, беҳтар биандешем аз кор,
Маммона** з-ин тараф, з-ин сӯй Аллоҳ.
Садо моро кунад арвоҳи рафта,
Садои қаҳ-қаҳи дӯшиза аз роҳ.
Равӣ гар чап — бимирӣ ту аз оташ,
Равӣ бар рост — аспат мешавад ғарқ.
Ба пешорӯи ту меғи сиёҳ аст,
Биё, рӯ бар само орем, модар.


* Рӯмолак
** Маммона — вожа дар Новий Завет, баёнгари рамзи боигарӣ.