Кӯшиши контрапункт*
маҳзи гуфтан лек ово дар даҳон
ларза дорад дар канори маҳв гаштан
чун тавонад зист паҳно дар қафас
бар ҳама иқрор бо гумбурс афтодан ба пеши по
то тасаввур андаке созад намоён пойҳоро
дар нигоришҳои ҷӯроби нашуста
шомма бошад хоҳари андеша ин сон
кист одам то ки дунё шуд сафарбар
мутамарказ низ бар ӯгай падарҳояш
ҳам зи кирмакҳои синфии мичуринӣ
ё агар хоҳед ман баҳри шумо ҷӯробҳотонро занам об
ин ки ин ҷӯробҳо гарманд алҳол
андар ин ҷо мисли ин ки ҳалқа ҷорӣ шуд
мисли ин ово ки ғижжас дар гулӯ зад
гар шумо гӯед ин рӯҳ аст шояд ҳа
вале беҳтар ки мисли об ё симоб
рӯҳ аниқтар буғ бувад дар ҳолати обӣ
ончуноне ҳаст дар ман устувор
пӯпанак он нест бошад маншаи бӯ
балки як олат барои таъмири кӯчак
ё ки ҳатто ман навашро мехарам
ё ки беҳ дигар нагӯедам зи рӯҳ
мешавад гоҳе ки ҳамчун мех аз худ мебароӣ
чун мушовирҳои веймар бо ҷадалҳои ниҳонӣ
аз паси як наврасе бо ҷумла эҳсос
то даме ҷӯроб дорад таъми хуш
бо банди вимпелии баста
беҳ бувад ман медиҳам тоби дигар баҳри хулоса
бар касе ҳам моҳии мурда ҳамебошад намуна
* Ҷӯршавӣ.



