На хобам, риштаҳои тӯси ҷангал...
* * *
На хобам, риштаҳои тӯси ҷангал,
Маро болои сар монанди рӯпӯш,
Ман аз ин хок рустам бо гуноҳам,
Ки фардоро барам чун амр бар дӯш.
Кафи дастони беҳолам ҳама хушк,
Хати тақдир мелағжад ба сад бим,
Зи марги мо бимонад пӯстлохе,
Ки мегардад ба рӯзи Пасха тақдим.
Бубин, ин ишқ дар оғоз ишқ аст,
Сипас, аз он дигар суде намонад.
Дар он аз тӯс монад накҳате чанд,
Ҳам он шарбат, ки аз худ меравонад.
Кӣ дӯзад чашм бар дуди қатора,
Чунон, к-афшонда рӯмолак ба падруд.
Ҷаҳон чун аз гулӯи ӯ бидоранд,
Садо хиррӣ бурун орад зи мавҷуд.
Зиёда ахтаре аз дурии дур,
Бирезад нури милёнсола бар мо,
Ба хобам шаҳрҳое медароянд,
Ки ҳифзи тӯсҳо истода бар по.
Фишорам лахти торикӣ ба муштам,
Ки қисмат вақтро бе пӯшт мекошт,
Кунам сад тавба аз сад куфри дунё,
Валекин ваъдаҳоро чун тавон дошт?
На хобам, риштаҳои тӯси ҷангал,
Маро болои сар монанди рӯпӯш,
Ман аз ин хок рустам бо гуноҳам,
Ки фардоро барам чун амр бар дӯш.
Кафи дастони беҳолам ҳама хушк,
Хати тақдир мелағжад ба сад бим,
Зи марги мо бимонад пӯстлохе,
Ки мегардад ба рӯзи Пасха тақдим.
Бубин, ин ишқ дар оғоз ишқ аст,
Сипас, аз он дигар суде намонад.
Дар он аз тӯс монад накҳате чанд,
Ҳам он шарбат, ки аз худ меравонад.
Кӣ дӯзад чашм бар дуди қатора,
Чунон, к-афшонда рӯмолак ба падруд.
Ҷаҳон чун аз гулӯи ӯ бидоранд,
Садо хиррӣ бурун орад зи мавҷуд.
Зиёда ахтаре аз дурии дур,
Бирезад нури милёнсола бар мо,
Ба хобам шаҳрҳое медароянд,
Ки ҳифзи тӯсҳо истода бар по.
Фишорам лахти торикӣ ба муштам,
Ки қисмат вақтро бе пӯшт мекошт,
Кунам сад тавба аз сад куфри дунё,
Валекин ваъдаҳоро чун тавон дошт?




