Вақте ки ту ба ҳуҷраи шаш хобӣ...

* * *

Вақте ки ту ба ҳуҷраи шаш хобӣ,
Танҳо ва бо нишонии беморӣ.
Фикри дилат фазои дигар дорад,
Ҳарчанд ҷисми хеш бияфшорӣ.

В-он шеърҳо дигар на хаёлианд,
То мисраъҳо ҳуҷум намояндат.
Гўё, ки мавҷи хираи шабҳоро
Дар ҳастият буғум намояндат.

Омўз баъд аз ин ту наафсурдан
Аз тирагии рўзу шаби равшан.
Аз кар шудани наслҳои баъдӣ,
Аз хотири пареши ду-се кавдан...