Муҳофиз бош то рўзи бади худ...

* * *
                                                  А. Р.

Муҳофиз бош то рўзи бади худ,
Ту, эй дил, тирамоҳи сардтўмор.
Ва байроқи хазони чун бирешим,
Ки ҳаст он рўкаши болини бемор.

Суруди хайрбоди дилбареро,
Ки бошад чу қаторони* фирорӣ.
Бигир он киштии сабри дилатро,
Ту як каф оби мавҷи беқарорӣ.

Ва занги киштии моил ба рафтан,
Ба сўи хомушии нокуҷоҳо.
Ва боди андакэҳсосаш гуворо,
Ки дорад хушнасими интиҳоро.


* Қаторон — поездҳо.