Ҳамаи рўзҳои Худо, ҷуз истироҳату идҳо...

* * * Ҳамаи рўзҳои Худо, ҷуз истироҳату идҳо, ки бе зарурат баромадан аз хона маслиҳат нест ва рафтан ба марказ бемаънист, қатораи зеризаминӣ бо вангосу ҷурунгоҷаранг, харошида пардаҳои гўшамрову ба торҳои асабам зада чанг, бо суръати девонавор мебарад маро ношод ба ҳамон ҷое, ки байни истгоҳҳои Павелетску Автозавод як рафиқи дурамонро, инсони орому дўстдори хонадонро, ки мислаш кам аст ва намунаи беҳин одам аст, ҳамқадаҳи олиҷанобро ва мухлиси самимии китобро, ки бо заҳмати ҳалол фулусе андўхта натавонист, Боря Гелибтерро (ба некӣ ёдаш кунед, эй аҳли зист!), пора-пора кард таркиши шашуми феврали соли дуҳазору чор — рўзи ҷумъа, соати ҳашту сиву ду дақиқа, ки савор ва ғофил аз он, ки панҷоҳу чор рўз қабл аз чилусесолагиаш фалокате тасодуфӣ мекунад хуншори лолагиаш; ва ба зеҳнам мерасанд нафратномаҳое пурғазаб: «Бигзор, набинад рўзи бетобу таб касе, ки бепарво дода чунин мудҳиш фармон, ҳам касе, ки ғофил аз оқибати амалаш пардохта ба иҷрои он на дар ину на дар он дунё, на дар гўри сарду на дар бистари пари анқо, рўҳашон то рўзи анҷом ноором бод, ноором бод, ноором!» — ин фикрҳои авомонае, ки ақли инсонро нийяти осмонии Худо дастнорас аст ва бесуд аст онро баркашидан бо заминӣ мизон ва умри бандагон, зиндагиву марги онон буда дар дасти Яздон, ки раҳматбоб бандагонашро бозмехонад назди хеш: «Дўстдор бандагонамро насиб бод савобу раҳмати беш!..» — он мубҳам эҳсосе, ки файласуфи кори умум ҳақ аст ва барои эҳёи фардо арқоми дақиқ мебояд дар даст, метавон ёфт аз ин ҷо он арқомро ва рад кард гуфтаи дигар мутафаккири бономро, ки баъд аз он ҳама бедод — Освенсиму ГУЛаг, инқилобу ҷангҳои хунин, Хиросимаву Ню-Йорку Бағдод шояд шеър бимонад барҷо, чӣ сон аммо — шояд он сон, ки гуфтам бо шумо.