Енисеӣ-раҳоям бикун!
(пора аз китоб)
Енисейро нахустин маротиба соли 1974 дар оғози моҳи июн дида будам. Канори шаҳри Тува, маҳалли якҷошавии дарёи гилолуде мебошад, ки аз ду қуллаи кӯҳсори Каа-Хем ва Биӣ-Хема мерезад. Ана ҳамон вақт ман намедонистам, ки умри боқимондаам мисле ки дар ҳамин об мегузарад. Хоросангҳои қадима мисли чашмҳои сангӣ ба ду шохоби Енисеӣ менигаранд. Хамгаштҳои дашт таровати хоссае паҳн карда, атрофи Туваро хаёле ба бағал гирифтаанд. Шамими муаттари хуш мунтазам алвонҷ хурда, бӯи атромези наботот бо насими сарди хунукӣ меояд. Мисле ки инсон қобилияти истодагарии худро меозмояд.
Дар он айёми дур ва мунаввар мо паҳлӯи ҳам китф ба китф будем. Ва устодон азм доштанд, ки мо ҳаракат карда, таровати замини аҷдодиро ҳис кунем. Муаллимаи биология Галина Анатолевна, ки аз дилбастагиву китоби банда дар бораи Сибир огоҳӣ дошт, маро бо шиносҳояш ба экспедитсияи шарқии Тува,маҳаллаи Мугур-Акси фиристод. Мо аз Абакан ба воситаи автобус бо роҳи ағба ва кӯҳна омадем.Дар роҳ ғизо ҳам дастрас кардем. Қарибиҳои бегоҳӣ қад-қади дарё, ки аз руди Шушенск ҷорӣ мегардид, равон шудем.. Сиёҳии бегоҳӣ ба атроф соя афканда, анбӯҳи ҷангал, дарахтони урз, санавбар ва сарв намудор гаштанд. Ман соатҳо ба харитаи Сибир менигаристам. Кӯҳҳои хокистарранг мисли китоби ранга рангомезӣ дошт. Дар ин муҳит асрори табиат хаёле дар ҳар қадам талош меварзид ва тағйир меёфт.
Вақте ки ағбаи аввал шуруъ гардид, суръати автобус суст шуда,муҳаррики он базўр нафас мекашид. Чароғҳои Икарус фурӯзон гашта, автобус хамгаштҳоро нолишкунон мегузашт. Боз ҳам гуё банди гароне дар гардани автобус буд, ки базўр пеш мехазид. Шабона ман карахт шудам. Дар хотирам ҳаст, ки мисли нимхобе саҳарӣ садои сардори гурӯҳ Эдуард Леонидич ба гӯш расид. «Вай хоб аст» ба ҷои он, ки нигоҳ кунад. Ман сода будан намехостам ва нимшунаво гуфтам: «Ҳа?»
Баъд Арадан буд. Ин номро Эдуард Леонидич талаффуз кард, гуё он исми чашма бошад, на маҳалла бо хоначаҳо,балки аз ин ҳам заруртар, ки ба ҳаводиси ҳамин соат алоқаманд аст. Акнун мо вожаи Арданро фаҳмидем. Ҳамроҳи мо Люда ном донишҷӯ, корманди институт бо ду донишҷӯи дигар ва як оилаи сагдор буд, ки онҳоро ба автобус нагирифтанд.
Қатраҳои шабнам ба тирезаи автобус бархўрда, мавҷи муаттари буттаҳои хушбуй ба атроф паҳн мегардид. Ҷангали кӯҳсор гуё муҳитро ба доман кашидааст ва омода аст роҳу маҳалла ва инсонро ҳам ба коми худ бикашад.
Мисли ҳамон рӯз, малоҳату таровати хоссаи муҳит фарогир аст. Ман нахустин маротиба мавҷи шохоби рудро аз наздик дидам ва Шарқи дурро бо Сибир омехта андешидам: шояд, ин моҳӣ аст, ки болои об баланд мешавад. Ҳанӯз дар хотирам аст, ки пулҳои маҳаллӣ ба воситаи Ус ва хоросангҳои азимҷусса менамуд. Вале ба ман олами наботот, буттазорон, ки ҳануз ба асрорашон сарфаҳм намерафтам, бо ҳамон атри мушкбези Сибири таассуроти сахт гузошт. Ман аз хурдӣ ҳис мекунам ва роҳро, пайвандии муҳити зистро бо инсонҳо мебинам. Боз ҳамон роҳи пур аз хамгашту буттазор ва дуртар нақлиёти вазнини боркаш. Наздиктар бинам, рангомезиҳои табиат дар наҷвои ниёгон гуё дар пешорўи ағба афтодааст. Бо ин нигоҳ фаҳмидам,ки ҳамаи ин асрори нуҳуфтаи беша ҳаст. Мушоҳида намудам, ки чӣ гуна беша тағйир ёфта, ҳавзу рудҳо ба дашти кӯҳӣ табдил гаштаанд. Тахминан аз ҳамин мавзеъ, ки ба нимҷазира шабоҳат дорад, гузашта дар ҳалқае ки онро сангрезаҳо фаро гирифтааст, дарахтон мисли тасма қаттор истодаанд. Ва куҷое нигоҳ кунӣ, танҳо рангомезиҳои мухталиф намудор мешаванду халос. Ин мавзеъ пур аз асрори табиат ва оҳанги волои рӯҳӣ мебошад.
Дар мавзеи Қизил мо бо Алексей ва Марина вохӯрдем. Онҳо дар нақлиёт бо ду саги зотии сибирӣ ва карелӣ буданд. Бардошти ин манзара хеле аҷиб аст ва мо ҳар замон бо ронанда шўхӣ мекардем, ки ба воситаи беша гузарем. Ронанда Алексей ҷавони тануманд, ки рӯи гирда дошт,шикорро дӯст медошт ва милтиқро қадр мекард,худаш низ устоди варзиш буд. Ба Мугур мо ба воситаи тайёраи АН-2 парвоз намудем,пеш аз ин як ҳафтаи дароз ин рӯзро интизорӣ кашидем,зеро рӯзона пайиҳам ҳаво тағйир ёфта, ағбаи Саган-Шибэтро туман фаро гирифта буд. Ҳаррӯз ба фурудгоҳ мерафтем ва ҳаво рутубатнок буду ҳар замон аз баландгўяк садои номи маҳаллаҳои Тора-Хем, Қизил-Маҳал,Систик-Хем,Тээлиро мешунидем. Ин парвозро боз ду мард бо борхалта ва хирсбачае интизорӣ доштанд. Хирсбача ҳар замон гарданбандашро, ки хеле суфта шуда буд, мекашид. Баъзан вай нолиш мекард ва даме, ки аз зарфи алоҳида шираш медоданд,ба пушт мехобиду зарфро бо пойҳояш дошта, шир мемакид ва ҳар замон як пояш меларзиду ғур-ғур мекард. Мо дар бинои панҷошёна дар қафои маркази телевизион дар утоқи сардори гурӯҳ Игор Крюков, дӯсти Эдуард Леонидич, мезистем, худи Крюков дар майдон буд. Боду ҳаворо интизорем. Акнун мо дар кӯчаҳои шаҳр сайр дорем. Аз назди мо бо пойафзоли пошнабаланд духтараки лоғаре мегузарад, ӯро муйи орододааш зеб медиҳад. Эдуард Леонидич бо нигоҳи худ ба Люда ва Марина фаҳмонд, ки мо дар шаҳри бегона ҳастем, на дар шаҳри худ —Москва,одамонро ҳурмат кардан лозим...
Сипас, бо тайёраи АН-2 мо боз аз болои куҳҳо парвоз кардем ва ин даъфа низ боз бо нишебу фароз ва қитъаҳои алоҳидаи бешаи анбўҳ ошно шудем. Баъди тайи намудани қариб сӣ километр ба Сиган-Шибэту расидем. Хотираҳои наврасӣ ва парвози имрӯзаро ман боз ба ёд овардам. Он замон нигоҳи бачаи синфи даҳ буд, ки ҳаётро меомўхт.. Тайёра торафт боло парвоз мекарду ағба бо ҳамон қуллаҳои лоҷувардӣ поён мемонд.
Мо инро пай мебурдем. Дари нишастгоҳи пилот кушода аст.. Акнун ман аз миёни абрпораҳо шабаҳи чашмхиракунадаи барфпӯшро мисли кўрпае, ки дар паноҳи вай гунбази болҳои сиёҳе хуфтаанд, мебинам. Ин анбӯҳи ҷангал аст, ки ҳамон рӯз аз баландии чаҳор ҳазор метр менамуд. Ин ҷангалистон ва кӯҳҳои дашт дар фазои офтобӣ барқ мезананд. Дар қуллаҳои баландро, ки гўё якеро ситораҳо ҳусн бахшидаанд дигаре амсоли ду хатти камон ба мо менигарад, ситорача меноманд. Ба ин лозуркӯҳ мисле ки махсус расми сторача кашидаанд. Аз миёнаи маҳалла,хоначаҳо гузашта ба роҳи оҳан мерасем. Онҷо пур аз коргарон ва одамон аст. Ва аксари онҳо офтобхӯрдаю дам гирифта мусофират доранд. Ниҳоят анҷомоямонро ба ГАЗ-53 бор карда, ба роҳ даромадем. Қароргоҳи мо бояд дар соҳили дарёча ҷойгир бошад. Даҳ километр роҳро аз шафати хатти сарҳади Муғулистон тай намудем. Ва баъди пайраҳа дар назди хаймаи муҷаҳҳазе қарор гирифтем. Аз хайма ҷавони сару ришаш пок тарошида Валя Рилников баромад. Ӯро низ чеҳраи офтобхурдаю либоси махсус буд. Вай халтаи саҳроии хобашро низ бо худ гирифта, ба мо ҳамроҳ шуд. Хамгашти дашт мисли хатти сабз намуда, буттаҳои гуногун паҳн шудааст. Аз байни оби хурде мисли моҳии ороме аз оғӯши дара мегузашт..
Ин ҷо мо хаймаҳоро гузоштем. Маҳалли сукунат муътадил намуд. Лёха Миронов, донишҷӯи соли сеюм, мисли пештара ба фикраш барои таърифи ман сухани даркорӣ ёфт. Акнун мо бо ҳам дар хаймаи калони сарбозӣ,ки рўйпўш ҳам дошт ғизо хўрдем. Дар хаймаи мо ҳатто бухорӣ буд. Хаймаҳои дигар аз матоъҳои одӣ дўхта шудаанд. Шабона аз ҳар хайма шамъи фурўзон ба чашм мерасид. Хобгоҳи ман мисли дарёи он ҷо асроромез менамуд ва аз он садои гитор танинадоз мегашт. Руди на он қадар шўхоб гузашта, дар баландии 1800 м. аз сатҳи баҳр қарор мегирифт. Баъди дарёча дашти васеъ то подомани кӯҳ тӯл мекашид. Кӯҳи азим зард ба назар расида, пораҳои он асроромезанд. Пештар фаҳмидам,ки ин гӯшаи ҷангалистон номи муғулӣ доштааст ва тарҷумааш гӯшаи сафед будааст.
Дар яке аз рӯзҳои аввали ба ин нуқта омадан аз зебоиву таровати муҳити он лаззат бурдам. Зери по садҳо гектар замини сабз пойандоз гаштааст. Дар самти шарқ кӯҳҳои Олтой ва водии Чихачёв тӯл кашида, то ғарби Муғулистон мерасад. Қуллаи ба масофаи чорҳазорметра паҳн гашта бошад, ҳамеша асроромез менамояд. Дар наздикии мо қулла ва пайраҳаҳои васеъ қомат афрохтаанд. Қуллаҳои осмонбўс наздики ҳам афтода, зери як оҳанги марғубе гўё мисли шамол мевазанд. Агар мо бо дурбин нигоҳ мекардем, дар дуриҳои дур, даҳҳо чақрим дур, онҳо бо ранги бунафшу норинҷӣ доман густурдаанд. Ба назар мерасад, ки табиати мо бояд ҳамингуна бошад. Ҳоло ман мегўям, мисли кӯҳҳои Сибир дар дунё дигар надидаам. Бо пайраҳаи сабзгунаи табиат ба поёни қуллаи Шибэту фуромадам ва бо машомам муҳити муаттари диёрро ҳис кардам. Дар қароргоҳ мисли пештара ҳаёт идома дошт. Эдуард Леонидич болои курсӣ нишаста, милтиқашро тоза карда, ба ман гуфт:
— Шумо дар куҷо будед?
— Сипас, камонро яксў гузошта, ба чашмонам нигаристу афзуд:
— Агар ин корҳоятро такрор кунӣ, ба Москва бармегардӣ...
Ягон нафар то ин дам тоқати шунидани танбеҳи Эдуард Леонидич Седихро надошт. Ӯ ҳамагӣ сиюпанҷ сол дошт. Чашмони сиёҳ, рӯи хурд ва риши хушк. Вале симояш варзишӣ ва лоғарандом менамуд. Ў бисёр боҷуръату серҳаракат буд. Пештар бо ҳамроҳии сагҳояш дар парваришгоҳи москвагии шикорчиён буд. Ин сагҳо Кара ва Чара ном доштанд. Фаҳмидам,ки онҳо сагҳои наҷибанд ва монанд ба Эдик. Агар мо хулқу атвори инсониро як сў гузорем, худи Эдик ба ин сагҳо шабоҳат дошт. То ин дам вай дар Урал фаъолият дошт ва бештар дар бораи пирамард Мая ҳикоят мекард, ки чи гуна бо қаиқ онҳоро ҳангоми аз руд гузарондан бо ҳамон ҷиҳози сафарӣ ба об чаппа карда буд. Ин воқеъаро Эдуард Леонидич бисёрҳо такрор менамуд ва таҷрибаю мардонагии Маяро ба хотир меовард. Институт пайдоиши бемориҳои сироятиро ташхис мекард. Барангезандагони сироят — кўрпаша ва каламушҳо фиристодагони он буданд. Ин ҳашаротро мо меомӯхтем. Онҳо дар чуқуриву ғорҳо сукунат доштанд. Ман вазифадор будам,ки ин ҳашаротро дар муқобили самт мушоҳида бикунам. Бештар тарзи ҳаёти онҳо ду маротиба дар фасли тобистон ба чашм мерасид. Пай бурдам, ки хурдтаракони насли дуюм аз майдони таҷриба ғайб заданд.
Ин мушоҳидаи худро ба Валя фаҳмондам ва ӯ ҳангоми вохӯрӣ фарёд кард, ки гуё маҳз ҳамин лаҳзаро интизор буд. Валя тануманд буд ва чашмони кабуд дошт. Дар либоси оҳарӣ мисли афсар менамуд. Сари тосу лунда дошт. Ҳама ӯро дӯст медоштанд. Дар ӯ одати ғамхорӣ низ буд.
«Мана, як сол пас хонишро ба итмом мерасонам»... Баъд чӣ?..
«Ояндаи номаълум...» гуфт андешамандона ӯ. Вале наҳаросида,буданашро дар табиати сангин эътироф намуд. Албатта, дар бистсолагии худ ба хотир овардани гузашта барои имрӯз айни муддао гашт.... Ҷуссаи паҳлавонона, варзишӣ.. «Эҳ, чӣ қадар неру доштам, ҳа!», — нидо кард оромона ӯ. Садояш мисли ҳиссиёти сурурбахше аз чашмони ҷавонӣ ҳикоят дошт. Баъд Крюков бо ҳамроҳии дӯстонаш ва Эдуард Леонидич омад. Онҳо бо ҳамроҳии худ гӯсфанд оварданд. Чи гуна ҳасиб омода намуданд, ба хотирам аниқ нест. Бо ҳам нишастем ва Лёха зарфи пури хунро фурў бурда, таъкид кард, ки ба саломатӣ фоида дорад. Атрофи гулхан нишастем ва дӯсти деҳотӣ гуфт,ки нақлиёташон чаппа шудааст. Оё ин ҳақиқат аст? Чӣ, магар мо дурўғ гуфтем, — ранҷишомез ҷавоб дод. Баъди ин дигар суоли бемавқеъ доданро бас кардам. Крюков оромтабиат менамуд ва қомати баланду ҷуссаи наврасона дошт. Либосҳои варзишияш мисли либоси наврасон ба чашм мерасид. Крюков акнун дар бораи Енисей, шиноварии худ нақл кард ва аз об баромаданашро шарҳ дода, дар бораи харсанги миёнаи дарё алоҳида маълумот дод. Крюков бо Эдик ҳам баҳс намуданд: барои нақлҳои беруҳ.. Крюков боз бачаи хурде бо номи Санка дошт ва мо ду соли дароз бо вай мукотиба доштем
Сипас, ин мукотибаи мо шакли ҷамъ гирифта, оқибат анҷом ёфт. Эдуард Леонидич дар бораи ким-кадом марде нақлҳои аҷибе мекард,ки ӯ чӣ гуна мавҷуди ғайириодеро дастгир кардааст. Боре дар паноҳи харсанге нишаста, дар муқобили самти дашт ҷуссаи ҷонвари ғайриодиеро мушоҳида кардам, ки вай меҷаҳиду мисле ки дар лонааш бошад, маро пайхас намекард. Як муддати муайян ман аз дурбин ӯро мушоҳида кардам. Таассуротам хеле аҷиб намуд ва ҳамон тобистон вокеъаҳои бисёре рух доданд. Мисли пайдо намудани лонаи турнаи сиёҳ дар наздикии Муғулистон. Дар он ду чӯҷаи калони турна менишастанд. Паранда ин ҷо бисёр ба назар мерасид. Дар қатори сангҳои азимҷусса парандагони доснул, зарду кабуд, мурғони обӣ, найзорӣ ба мушоҳида мерасиданд... Албатта, парандагони ваҳшӣ, аз ҷумла мурғони осиёӣ афзуда, шумораи обхуракҳои даштӣ ва шоҳуқобон зиёд буд. Ҳарчанд омӯзиши парандагон кори асосӣ набуд, аммо ман ҳаёти парандагонро бо шавқ омӯхтам... Ҳамин гуна ман дар зери буттаҳо ва паҳнбаргҳо дар шафати дарё зиндагӣ намудам. Рӯзҳои фароғатӣ аз манзили наздик ҳар гуна шабпараку пардаболҳоро шикор мекардам Аз дами саҳарӣ сангрезаҳоро гузашта дидам,ки ин майдахазандаҳо мисли боқимондаи сангҳои боҳамчидаи қатор ба назар мерасанд. Аз ҳар канор бӯи муаттари ниҳолони тиллоии рудхона ба машом мерасид.
Дар дашти Сибир ҳам малах дар ҳама ҷо ба назар мерасид. Аввал ман нафаҳмидам, ки ин ҳамон намуди малахест, ки майдонҳои гангдумзорро зер карда, ба харобазор табдил медиҳад. Ин малахҳои наҳс аз чор тараф дар фазо парвоз карда, тамоми даштро ба хукми худ даровардан мехостанд. Ман аз қароргоҳи худ ин манзараро тамошо карда, харитаи сайни онҳоро муайян мекардам. Гармии тоқатфарсо атрофро пахш мекарду сокинони атроф гўё мушоҳида доштанд. Шабона бошад, аз буттаҳо гулхан афрухта мешуд. Валя гитор менавохту аз рудхона садо меомад ва аз хаймаҳо рўшноии чароғ намудор буд. Ва бум ба дашт парвоз мекард. Валя бошад, шеър қироат дошт: «Дар рудхона сангҳо талош доранд» ва дар поён боз месуруд. «Ман дар ин фазо ба санг мубаддал мешудам, то ту таъзимам мекардӣ» Ин чӣ гуна тарона, ки шеваи занона надорад, — оҳиста гуфт Валя... Вайро муҳити ороми ба руҳ пуртаъсир,ки танҳоии ўро замзама мекард ва гўё ӯ ҳис менамуд, ки мусиқӣ ва сухан қаъри дили инсонро мебинад. Агар Валя намешуд, ман ба қаъри ин мисраъҳои шеър сарфаҳм намерафтам. Албатта, бо афтиданам ба ин дашти пурасрор ман ҳамоно бешазорро орзу мекардам.
Акнун маро барои кор ба қуллаи Саган-Шибэту дар болооби Барлик фиристоданд. Қуллаи кўҳ хаёле якпаҳлу ба атроф менигарист.Агар пайраҳа ва нишебиҳои куҳро ба инобат гиред, минбаъд гузаргоҳҳои он шуморо ба қуллаи кўҳ мебарад. Ин роҳи дарози кўҳиро ба кулоҳи кўҳсор монанд кардем. Дар хотирам нест, кай буд, ман боз ба ҳамон подомани кўҳҳо афтидам, ки аз он ҷо бо тамоми атроф кўли Урэг-Нур соя меандохт. Мисле ки бешазори Монгун дар курпаи гарм мехобид ва дар ин лаҳзаҳо поёнтар аз ман, тақрибан ҳаштод метр дуртар, парандаи ришдори соҳибчангол, ки ман онро то ин дам танҳо дар расм дида будам, бо ранги сиёҳу сафед ва гулўи зарду сиёҳии таги чашм шино менамуд. Рахҳояш дар хотирам монд. Дар ҳавои кушод болафшону алвонҷхурон ба назар метофт. Вай маро намедид. Ман аз бағали куҳ тамошо доштам. Сипас ман ҷониби Барлик раҳсипор шудам ва ба майдони буттазор ва гиёҳҳои нодир афтидам. Барои оташгиронӣ аз буттаи гиёҳкоҳи гўшаҳои хушкшуда лозим гардид. Баргу шохчаҳои муносиб бисёр буд. Дар борхалтаам зарфи шишагин доштам ва дар он як миқдор барф гирифтам. Шод будам, ки ҳамааш таги дастам. Ва барф бод додаму гулхани хурде афрўхтам. Акнун дар гулхан оби зулоли зарф меҷўшид.
Ман якпаҳлу зада, чой менўшидам ва насими фараҳбахше мевазид. Барфгунаи хушк элак рехтагӣ барин буд ва аз осмони кўҳистон шамими хушбуйе димоғро муаттар менамуд. Ҳама чиз табиӣ буд. Ва дар ҳамаи атрофи кўҳсор чодари барф наққошӣ дошт... Ин дам чой меҷўшиду ман аз Худованд ва муъҷизаҳои офаридааш шукргузорӣ мекардам. Барлик аз қуллаҳои Сиган-Шибэту оғоз мешуд ва қад-қади шохоб ҷорӣ мегашт.
Ин ҷо бо нақлиёт ё аспакӣ ва ҳатто пиёда ба марказ мерасед. Дар баландкуҳҳо сукути боди дашт ҳукмфрмо буд. Барлик бо оби сардаш аз қабати сангпораҳо ҷорӣ буд, дар ҷое ях зери пои гусфандони кўҳӣ менамуд. Мо ин водиро қабристони гўсфандони кўҳӣ номидем. Поёнтар аз Лозуркўҳ пайраҳаи яхбаста намудор гашт. Мо бо ҳамроҳии Лёха дар болои он мурғобиҳоро мушоҳида кардем. Лёха аз онҳо чашм намеканд ва камонашро аз китф гирифт. Ман мехостам аксбардорӣ кунем, ҳоло вақти парондан набуд. Лёха розӣ шуду ман ҷониби мурғобиҳо рафтам, ки онҳо якбора парвоз карданд. То ҳозир ин лаҳза дар хотирам мондааст, он вақт Лёха чизе нагуфт.
Боре ман савори асп ба Барлик рафтам ва дар роҳ одами маҳаллиеро дучор шудам. Вай дар назди гулхан менишасту дар паҳлуяш камони ТОЗ-8 ва суғури бадастовардаш мехобид.
— Гушти суғур мехўрӣ? — Муроҷиат кард ӯ. Мехост ҳамроҳаш ғизои нисфирўзӣ хўрам, аммо ман шарм кардам ва роҳамро идома додам...
Бори аввал ба Бурлик мо ба воситаи нақлиёти боркаши ГАЗ-66 омада будем. Шаб дар чарогоҳ хобидем. Саҳарӣ аз садои мавҷи об ва шилдироси наҳр, ки мисли мусиқӣ паҳн мегашт ва ба навои сеҳрангез ва нозуке шабоҳат дошт, бедор шудем.. Мо аз рӯи нақша аз Барлик чанд фарсах поёнтар фуромадем, ки он ҷо ид буд. Дар паноҳи кўҳсор қад-қади руд буттазор мерўид. Буттазор нодир ва ягона менамуд. Дар пайраҳаи Қува —Даба миёни буттаҳо мо бо ҳамроҳии Лёха хайма задем. Ин ҷо бӯи бешазор дошт ва ҷонвароне мисли санҷоб, эзорсурхак лонагузорӣ мекарданд ва дар поёноби беша ман лонаи калони шоҳуқобро пайдо кардам. Ҳангоми сайри Барлик дар пуштакўҳ назарам ба майдоне афтод. Ҳангоми расидан ба ин ҷо пешорўям калтакалосе баромад. Қариб ба калтакалос наздик шуда будам, ки якбора буми гушдарозе бо чашмони зардаш расида омад. Вале як лаҳза нагузашта дар сояи муқобил нопадид гардид. Ҳамин тавр сайри Барлик хуш буд ва хостам ба мавзеи Сиган-Шибэту баргардам ва миёни ҳар фарсах бо муъҷизаҳои табиат бошам ва боз дарёчаи руди Хемчичриликро бубинам. Таҳдиди беморие, ки дар қисмати шарқии Муғулистон вуҷуд дошт, алъон барои мо бегона буд. Лекин барои ҷонварон чӣ?
— Вале овозаи бемории сироятӣ шўхӣ набуд ва мо вазифадор будем, ки таъсири бемориро миёни суғурҳо бисанҷем. Барои ин замини беодами Бирлик зарур буд. Баъд доруворӣ лозим гашт, аммо ҷонварон талаф наёфтанд. Албатта, барои суғурҳо мушкил, аммо чӣ илоҷ сироят, сироят аст. Доруворӣ: мисле ки ратидан, дефинасин, севин номгузорӣ шудаанд: рафиқ Дефинасин як чумча намехоҳед? Ва ҳамсари Лёхин ҳазломез талаффуз мекунад:
— Де-фи-на-син. Дар Барлик дар тасмаи миёнам доруи бо заҳр омехта ҳаст. Ба лонаҳо мерезем. Сипас пас баргашта ба осмон нигоҳ мекунем: агар лошахӯрҳо ва шоҳуқоб давр зананд, дору таъсир намудааст. Дар ағба гулҳои нозанини эделвейс рўйдааст. Боре аз ағбаи гулҳо гузашта, дар самти муқобил рўбоҳи ларзонакро дидам. Вай гурехта ба самти муқобил меомад. Ман аз замин чўбдастаеро бардоштам. Рўбоҳ ба рўям ҳуҷум карду ба чӯбдастаам бархўрд. Бинам, рўбоҳ девона будааст.
Мо боз даҳ километр дуртар аз Муғулистон истодаем. Сарҳадбононро хуб надидем. Воқеан, ҳангоме аз қуллаҳои Барлик мегузаштем, миёни қатторкўҳҳо то сарҳад, симчўбҳои бе симхор ба назар мерасид. Аз худамон болотар сарҳадбонеро пай бурдем, ки бо ҳамон кулоҳи калонаш, ки хандаи касро меовард, пинҳон шуда, атрофро назорат дошт. Боре аз шафати қароргоҳи мо аз Муғулистон галаи уштурҳо гузашт. Ҷонварон паҳлуи ҳам намоишкорона ҳаракат карда, гардану кӯҳони худро меҷунбонданд. Онҳо баъди зимистон бо пашми рехта ва чашмони калон-калони сиёҳ намудор буданд. Якбора ба ҷустуҷўи онҳо муғулҳо омаданд. Онҳо ба уштурҳо моҳирона муносибат доштанд. Тувагиҳо бошанд, ба назар коргари дорои либосҳои меҳнатии муйнадор пўшидаро мемонданд. Лоғару хурдҷусса. Муғулҳо сарулибоси шинам ва мўзаҳои чармӣ доштанд ва дар назар бузургҷусса, шонапаҳн менамуданду баҳодурона ҳаракат доштанд. Ҳатто аспҳои миёнаҷусса бо пойҳои қавии дорои холҳои сафед бузург менамуданду азони онҳо буданд.
Эдуард Леонидич онҳоро ба хайма даъват кард.Барои меҳмонон чой ва шакар овард. Муғулҳо оҳиста-оҳиста бо иштиҳо шакарчой нӯшиданд. Вақте ки онҳо рафтанд, Эдуард Леонидич гуфт, ки шакар барои онҳо хеле писанд аст.
Баъдтар дар наздикии қароргоҳи мо ду сарҳадбон бо аспҳои бадҳайбати худ пайдо шуданд. Якеаш таги каш радиостансияи антенадор дошт. Ҳам аспу ҳам афсарон нисбати муғулҳо калонҷусса ва қавиҳайкал менамуданд. Ман ба онҳо аз поин ба боло нигоҳ кардам.
Боре ҳангоми навбатдорӣ дар ошхона бастаи калони дорувории зидди сироятӣ ҷӯшид. Ошхона ва мизи сайёр дар хаймаи сарбозии бухоридор ҷойгир буд. Ин дам Эдуард Леонидич пайдо шуд. Вай аз чизе пай бурд ва чум сардор, шояд аз ҷавонии ман шарм кард, ки якбора гуфт: Ҳа,Михаил, чӣ ин қадар бетартибӣ дар ошхона... бетартибӣ...? Дар байни меҳмонон бурят Юрий Дашеевич Ачиров, парандашинос, ҳам буд. Марди таҷрибадор ва хушсарулибос. Шиму пиджаки зебо ва кулоҳи осиёии сафеди ба нимдошти бодбонӣ монанд пўшидааст. Ман хостам дар бораи уқоби ришдор ҳикоят кунам,ки Юрий Дашеевич гуфт: — То вақте ки ин парандаро дар кафи дастам набинам, чизеро муайян карда наметавонам. Баъд андешидам,ки барои муайян кардан чунин парандаи нодирро қурбон кардан нашояд. Боз парандашинос чаро лозим шудааст, модом ки ба ў бовар намекунанд. Вале ҳайрон шудам,ки чаро ин амалро Эдуард Леонидич ҷонибдорӣ кард.
Вақте Валя ҳунари маро таъриф кард, Эдуард Леонидич бо чеҳраи пуртабассум гуфт: — Ана, Мишка чизе нагуфт, вале ғизохўрияш ҳамин ҷо буд, ку! Шояд вай ба рафтори беиҷозати ман нисбат ба Сиган-Шибэту ишора мекард.
Чи хеле дар хотир дорам, гурӯҳи зидди бемориҳои сироятӣ дар мавзеи Мугур қарор дошт. Боз гуруҳҳои дигар — отряди Обухов, отряди Феоктистов, отряди Равданикас. Ба отряди Обухов мо меҳмонӣ рафтем. Шаб буд, гулхан афрӯхтем. Ҷавонони донишҷў. Дар хотирам ҷавонписаре бо духтарак боқӣ монд. Ҷавон мўйи дароз дошту мисли мусиқичии эстрада буд ва бо гитораш дар шафати гулхан менишаст. Духтарак чашмони фаттон ва рӯи гирд, гардани нозук дошт. Муйҳояш парешону мошубиринҷ, гарданбандаш нодир буд. Касе гуфт, ки онҳо ба наздикӣ зану шавҳар мешаванд.
Вай паҳлуи дӯстдоштааш менишаст. Бо нигоҳи хосса ва табассум. Ҷавон як суруд хонад, саршори тақдири ҷавонӣ,ки онро оромона гӯш кардан мушкил буд. Ҳиссиёти мағшуше дар вуҷудам пайдо шуд.
Ҷое оҳу мехиромад,
Шуъла дар торикӣ,
Барои чӣ ту шавҳвардор,
Бигў, барои чӣ, барои чи?..
— Вай месуруд. Гулхан гўё барои духтарон рақс мекард. Дар ин гулхан орзу, бовар ба оянда буд. Ман то ҳол мехоҳам аз Эдуард Леонидич иҷоза пурсам ва ба мавзеи Сиган-Шибэту расаму ба тамоми Сибир овоз андозам: «Ҳоло шумо дар куҷоед, бачаҳо?»