Бидеҳ, таркиби тарҳашро! Бидоданд...

* * *
Бидеҳ, таркиби тарҳашро! Бидоданд.
Давомаш чӣ? — Давомаш нест, ҳеҷ аст.
Ба гирди тӯдаи асбобу анҷом
Ба ҳайрат монда мо, гӯӣ ба бунбаст.

Зи бекорӣ кадукорӣ бигӯянд,
Ҳама дар шуғли бозиҳо нишастем.
Ба рӯи шоми тира пушти шиша,
Ба номафҳум садоҳо дар бубастем.

Кӣ часпонад дигар бишкастаҳоро,
Ҳама ҷо хода-чӯбакҳо парешон.
Ҷудову пора кардан, ҷамъ кардан
Давоми шуғли мо будаст инсон.

Якеро вонамуд аст ин, якеро
Муяссар нест дарки ин муаммо.
Ки ин шӯхӣ наорад шодмонӣ,
Ки ин бозӣ надорад ҳеҷ маъно.

Ва шояд асли дунё пойдор аст,
Ба як таҳкурсии адлу адолат,
Ба як виҷдони поки марди сода
Ҷаҳон бардошта шояд иморат.