Боғ чун бе боғбонаш монд...
* * *
Боғ чун бе боғбонаш монд,
Гул ба ҳам печид бо хори газанда,
Ҳар куҷо аз худ нахӯдак руст,
Ҷои олу дар нумӯ шуд
Хори харроки даранда.
Дар паси ҷангал, паси партоб,
пеши табхирхонаҳои сӯхта,
нашъаовар найчазорон
мерасад савти громофон
оташи бунёд гӯӣ сӯхта.
Хурдакак аммо бузург аст,
руста андар сояҳо
ин нақши сифри зист
нак, даме андеш, чархи инкишоф,
бар куҷо хоҳӣ расид,
аз паси ин ботлоқу беша чист?
Баъди назми нарм, баъди достон
кист он эҷодкорат, кист?
Боғ чун бе боғбонаш монд,
Гул ба ҳам печид бо хори газанда,
Ҳар куҷо аз худ нахӯдак руст,
Ҷои олу дар нумӯ шуд
Хори харроки даранда.
Дар паси ҷангал, паси партоб,
пеши табхирхонаҳои сӯхта,
нашъаовар найчазорон
мерасад савти громофон
оташи бунёд гӯӣ сӯхта.
Хурдакак аммо бузург аст,
руста андар сояҳо
ин нақши сифри зист
нак, даме андеш, чархи инкишоф,
бар куҷо хоҳӣ расид,
аз паси ин ботлоқу беша чист?
Баъди назми нарм, баъди достон
кист он эҷодкорат, кист?




