Ҳамқади сӯзанда, дар назди ибодатгоҳи вайрона...
* * *
Ҳамқади сӯзанда, дар назди ибодатгоҳи вайрона
сӯхт оринҷам, чу мушхоре ба дастам хӯрд.
Чун калон гаштам, насиҳат модарам мекард
Дар гусели ман: ки бояд бодаро кам хӯрд.
Не чу ман инсон ба ёди худ бигирад сахт
Манзари зебои афсунхези меҳанро,
лек боре ҳаст дар ёдам
пайраҳа, болои сар, амвоҷу ишқу гӯшаҳо,
ғул-ғули паррандаҳо ҳар дам.
Аз ҳамин рӯ чун гаравгони насиби хеш
дар ҳавои хираи айёми баъд аз ҷанг
мекунам тафриқаи овои мусиқӣ.
Чунки он гаҳ не фари зангӯлаҳои рафтагон
мегуселонид мардумро зи пушти дар,
балки овои калоғи бадхабар.
Рӯз дар оғоз буд хира,
Тиратар шуд баъд аз ону ҳар ҳуҷайра,
Асли худ на, нусхае буд аз худи худ бехабар.