Боз базму тантана имрӯз, умеди аблаҳона...

* * *

Боз базму тантана имрӯз, умеди аблаҳона,
Нармии ахлоқ, зери ҳукми ишқи омиёна.

Баҳри хурсандӣ асосе нест хурсанданд аммо,
Як ҳамин ашки занона нарм созад дарди дилҳо.

Бовари кам монд, к-эҳё шуд зи нав фарзанди Эзад,
Боз боду навдаҳову тифлакон, ғавғои беҳад.

Боз мусиқӣ занад кафку ҳубоб орад, биҷӯшад
Дар фари нури баҳорӣ ҷону дил аз нав хурӯшад.