Ҷилои аврупоӣ ёфт акнун...
* * *
Ҷилои аврупоӣ ёфт акнун
Каломи шоири шарқӣ дар ин ҷо.
Барам аз ёди худ шаҳри Свердловск,
Маҳалли дилрабои кӯдакиро.
Вале дар ҳар куҷое ёбам ором,
ба Пориж ё ки дар Лондони заҳнок,
бидон, хокистари беарзиши ман
ба марзи меҳанам бояд шавад хок.
На бо он нақшаи берангу бе ҳусн
ба ороиш, ба ҳусни шоирона,
чаро ки дӯстони ман дар он ҷо
ҳама дар мармару гул карда хона.
Гузашт умру касе ҳаргиз напурсид,
Кӣ норозӣ зи қисмат, кист розӣ.
Таҷассум мешавӣ шояд ту дар мис
Чу сарбози нахусти бозсозӣ.
Садо берун кунад аз ҳар маноре,
Ба шаҳри ман заводу корхона,
Зане, ки ҳеҷ гаҳ бо ман набуд ӯ
Нигаҳ дорад ба албом ошиқона.
Кунад албомро ӯ боз, дар он
Ману ту гармрӯ бо ёди фардо,
Гаҳе ки шодмону зинда будем,
Ба сар бурдем ҳастии гуворо.
Ҷилои аврупоӣ ёфт акнун
Каломи шоири шарқӣ дар ин ҷо.
Барам аз ёди худ шаҳри Свердловск,
Маҳалли дилрабои кӯдакиро.
Вале дар ҳар куҷое ёбам ором,
ба Пориж ё ки дар Лондони заҳнок,
бидон, хокистари беарзиши ман
ба марзи меҳанам бояд шавад хок.
На бо он нақшаи берангу бе ҳусн
ба ороиш, ба ҳусни шоирона,
чаро ки дӯстони ман дар он ҷо
ҳама дар мармару гул карда хона.
Гузашт умру касе ҳаргиз напурсид,
Кӣ норозӣ зи қисмат, кист розӣ.
Таҷассум мешавӣ шояд ту дар мис
Чу сарбози нахусти бозсозӣ.
Садо берун кунад аз ҳар маноре,
Ба шаҳри ман заводу корхона,
Зане, ки ҳеҷ гаҳ бо ман набуд ӯ
Нигаҳ дорад ба албом ошиқона.
Кунад албомро ӯ боз, дар он
Ману ту гармрӯ бо ёди фардо,
Гаҳе ки шодмону зинда будем,
Ба сар бурдем ҳастии гуворо.



