Ваҳ чӣ ширин ба дег меҷўшад...
* * *
Ваҳ чӣ ширин ба дег меҷўшад,
Гўсфанде, ки тоза шуд қурбон.
Ҳамчунон шарбати шифобахш аст,
Оби ширину пурҳаловати он.
Э Худо, ин чӣ лаззати хуб аст,
Натавон як қадам ақиб мондан.
Пораеро дурушттар пухта,
Рўи шўрбо тавон бияфшондан.
Ва агар ихтиёр дар дастӣ,
Соате ошхона рав шиштан,
Ки ба бўи хуши таоми лазиз
Метавонӣ ту маргро куштан.
Ваҳ чӣ ширин ба дег меҷўшад,
Гўсфанде, ки тоза шуд қурбон.
Ҳамчунон шарбати шифобахш аст,
Оби ширину пурҳаловати он.
Э Худо, ин чӣ лаззати хуб аст,
Натавон як қадам ақиб мондан.
Пораеро дурушттар пухта,
Рўи шўрбо тавон бияфшондан.
Ва агар ихтиёр дар дастӣ,
Соате ошхона рав шиштан,
Ки ба бўи хуши таоми лазиз
Метавонӣ ту маргро куштан.




