Мо 17 сол барои тамокукашӣ берун рафтем...
(порча)
Маша
Вақте маро тарк намудӣ, дурусттараш, аз ман нарафтию фақат суҳбати телефониро қатъ кардӣ, гўё пешпо хўрдиву нохост телефон аз дастат афтод ва ғелида, мисли одами худкуш аз бом парид ва суҳбати нобоби мо хотима ёфт. Охир, ту ҳамеша бо ман чунин суҳбат мекардӣ, гўё ҳамин ҳоло онро аз даст медодӣ: лаҳзае таваққуф ва аломати морзеи* кўтоҳи ҷудошавӣ — «ту-ту» ва тамом, дигар наметавонӣ дар тамос шавӣ.
Пештар ҳам чунин шуда буд, ту қаблан ҳам ғайбзании ногаҳонии беасосро машқ мекардӣ — хоҳ дар тарабхона, хоҳ дар миёнаи кўча, бидуни ҳеҷ шарҳе ва чанд рўз туро кофтуков мекардам... Пас аз он ки аз ман рафтӣ, ҳис кардам, ки ғайбзании охирин машқ нест, дурўғ нест ва аз фироқи ту чунон даҳшате ба сарам афтод, ки ҳамчун як чизи сўзон, тар, чун тани девонагаштаи наҷотдиҳанда дар зери об, чун лаққамоҳии вазнин, ки ғалсамаҳояш ба ҷои бо ҳаво пур кардани сина, баръакс, бо нафасбарории босуръат шушҳоямро мисли халтаи коғазӣ ҳамвор мекард ва ба назарам чунин намуд, ки ман беҳуш мешавам, шах мешавам.
Ана ҳамин хел як ҳолати пошхўрдану фаношавии пурдард. Шояд пештар ҳам беҳуш мегаштам, вале ту бармегаштӣ ва ман мисли зани ҳомилаи пас аз таваллуд кардан хушбахтгашта якбора ва комилан ҳолати тазъйиқоварро фаромўш мекардам.
Ту дар мавҷҳои алоқаи телефон фурў рафтӣ, на пас аз як рўз, на пас аз як ҳафта занг назадӣ. Ва он лаҳза — фосилаи аҷиби ченаки вақт — як ҳафтаи дар як лаҳза фишурда — ман фаҳмидам, ки дарвоқеъ, ҳамааш тамом шуд. Ва ҳафт рўзи гузашта, мисли ҳафт ҷасади аз навмедӣ пўсидаи варамкарда бо як сеҳри ҷоду кафида ба ҳазорон дақиқаҳои дардовар тақсим шуданд.
Боре ман мисли радио-алоқачии замони ҷанг бо сабру тоқати бемислу монанд се соат пай дар пай ба рақами ту занг задам — гуд, гуд... СМС — паёмак ҳам фиристодам. Хеле дағал навиштам: «Ту фалону бисмадон ҳастӣ!» Ва баъд меҳрубонона, оҷизона оҳанги гуфторро дигар кардам — «Азизам, ба ман фаҳмон, ки чӣ шуд?!»
Ман кўшидам, ки дар ҷойҳои махсус туро бинам — дар З. З. — ҳоҷатхона барои занон, З ва З — ҳоҷатхона барои занҳои амазонӣ, вале ту бо ҷидду ҷаҳд навиштаҳои маро пок кардӣ, худи маро «куштӣ»...
Ман ният доштам туро дар даромадгоҳи бино дарёбам — ба дохили хона даромадан ғайриимкон буд, чунки лифтро як марди фарбеҳи занакмонанд посбонӣ мекард, аммо оқилона аз ин ният даст кашидам, тарсидам, ки ту танҳо не, балки бо ягон марди дигар меоӣ, ки мисли ман нависандагиро машқ мекунад.
...Чунон ки тифлон ҳама лашулуши ба назарашон ҷолибро ба даҳон меандозанд, ту ҳам маро барои санҷиш ба хонаи худ кашола карда бурдӣ — аз дўкони китоб, ки тифли коғазии навбатии худро бо эҳсоси худхоҳӣ ва бо тарс муррифӣ мекардам.
Он замон ман навакак ба Маскав омада будам, бо нияти пул кор кардан. Аввалин сардии моҳи ноябрь корро ба падидаҳои марбут ба обу ҳаво мубаддал гардонд: яхи сафедтоби дар зери по ғарч-ғарчкунанда даромади маро ях кунонд.
Бе хона, се рўз дар дафтари кории як нашрия зиндагӣ кардам ва баъдан як гўшаи қашшоқонро дар назди истгоҳи метрои «Ўрдугоҳи гарм» иҷора гирифтам — номи духўра ба зудӣ ба хушкмеваи ширин, ба ҷуғрофияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пайваст шуд: Ўзбекистон, Қирғизистон, Гармистон...
Соҳибхоназани мисли духтарча кўтоҳқомат аз ман ҳашт ҳазор кашида гирифт — барои ҳуҷрае, ки дар надошт, ба ҷояш парда кашол буд, тирезаро бошад, пардаи чангзеркарда мепўшонд, ки ба докаи захмпечи азим монанд буд. Миз набуд, аввал ноутбукро ба назди тиреза гузоштам, худамро якнима карда, каҷ шуда, паҳлўяш истода, як бало мекардам. Баъдтар ба рафчаи мебел нишастам. Як даричаи ҷевон мисли пули қалъа ба таври уфуқӣ ба поён кушода мешуд. Ман онро ба ҷои миз истифода бурдам. Вай тангак буд, дар болояш танҳо ноутбук меғунҷид, барои мушак қариб ҷой намонд, бо як ҳаракати ноқулайи оринҷам мушак парида, мисли одами ба дор кашида овезон мемонд.
Ба девори мисли маргарин зардфом дар болои диван се мехи луч задаанд, ки мисли қуллаҳои бекулоҳи секунҷаи ҳамвор, як вақтҳо мусаввара ё аксеро нигоҳ медоштанд. Тиреза сўрохи шамолгузар дошт. Ман онро бемуваффақиятона кўфтам, аммо бо вуҷуди ин, аз тиреза хунукии мисли заҳри ментол меомад.
Ман қариб дарҳол кори навис-навис пайдо кардам, колумнист** шудам, бо понздаҳ ҳазор рубл ҳаққи қалам барои саҳифаи махсуси як маҷалла моҳе як маротиба. Маводи мақоларо тайи чанд рўз бошитоб ҷамъ карда, калимаҳоро бадоҳатан саросемавор ҷой намуда, сутуни ҷилодорро анҷом медодам ва барои «пўст кандан» ба муҳаррир месупоридам. Дар вақти боқимонда барои иншои китоб менишастам. Рўзҳои истироҳатро бо ту мегузаронидам. Ва ана чор моҳ пайваста ана ҳамин тавр давом кард.
Ту дар арафаи иди 8-уми март ҳамаро қатъ кардӣ.
Яке аз шинсосҳоям, кулоҳсози маҷалла, бидуни ҳиссиёт ҳазл карда гуфт:
— Дугонаи олиҷаноб. Ба ту лозим нест, ки барои туҳфа дар иди занҳо 8-уми март пул сарф кунӣ.
Иқрор мешавам, ман аз ту ба ҳама, ба ҳар кас шикоят мекардам, пас аз ин тамоман девона шудам. Ў чунин гуфт, ман ба кулоҳсози беақли маҷалла оҷизона табассум кардам, вале ҷонам ба сўзиш омад, мисли дандони дардманд.
Ман мисли алафи даравшуда бемуттако, як навъ дарунхолӣ шудам, синаам дар шамоли моҳи март хичиррос зада, гўё холигии полиэтилениро пахш мекард. Ба гаштугузорам осебе расид, ки низоми роҳгардиро гум кардам, мисли плакати кандашуда чарх мезадам, ба чор тараф бо ҳарос назар мекардам, мисли дояе, ки тифлро гум кардааст...
Бисёр ноором шудам. На танҳо аз садое, ҳатто аз ҳаракати ҳар чиз ба ларза меомадам. Боре шими ман аз курсӣ лағжида рўи фарш афтод. Ин амали қариб бесадо, вале ғайричашмдошти либос қариб, ки диламро канда партофт.
Мусибатҳои табиат ва санитарҳои*** ҷангали шаҳр якбора алайҳи ман — сайди захмбардошта бархестанд. Муҳаррир дар навиштаҳои ман маъюби эҷодиро ҳис карда, бори аввал саҳифаи омодакардаамро гардонд. Ба сутунча мувофиқ набудааст. Он мақолаи лаънатиро аз нав навиштам — боз мувофиқат накард. Ана боз... Боз навиштам. Муҳаррир бешармона фиреб кард. Ношир ашкамро рехт, гуфт:
— Бадар шав!
Соҳибхона ҳаққи моҳонаи ҳуҷраи ба ҷойи дари чўбӣ парда овезонкардаашро ба даҳ ҳазор расонд. Ба эътирози ман писханд зад:
— Ҳа, нархаш ба ту маъқул нест? — Ана Худо, ана остона!..
Ба таъқиботи умумии мисли Пастернак тасвирнамуда нимаи дуюми танам ҳамроҳ шуд. Аслан ба хотири ў, ё бо сабагории ў шуд, ки ман хонаи гармамро партофта, ба шаҳри сармоҳо омадам. Ў занг зад. Намедонам, бо кадом савқи табиӣ фаҳмид, ки бояд поймол кардани маро ба анҷом расонад:
— Ҳаромӣ! Ту моро партофта рафтӣ! — Вай ҳеҷ гоҳ бо ман бо чунин таҳқир гап назада буд. Дар паҳлўяш овози фарзанди дилбандам, писари кўчакамро шунидам, ки барои ман бо ҳасрат гириста, мегуфт: — Оча, модарҷон, ба падарам дод назан!
Дар хотир надорам чӣ посух додам, шояд чунин эътироз кардам:
— Ман дар Маскав, чунон ки ту аблаҳ гуфтӣ, бо фисқу фуҷур машғул нестам, ман кор мекунам!
Нимаи дуюми ман суханашро бо фиғону гиря анҷом дод:
— Лаънат ба ту, хунсо!..
Вале ман умуман хафа нашудам. Дашном маънои пештараи худ — таҳқирро гум кардааст. Хуб, хунсо. Бо ҳамин усул ў маро «дарвозабон» ҳам гуфта метавонист: — «Лаънат ба ту, дарвозабон»!
Дар оғози ҳафтаи дуюм аз фироқи ту дард аз мушакҳои дил ва роҳҳои нафас гузашта, ба устухонҳо паҳн гардид. Қабурғаҳо асабонӣ нолиш мекарданд, гўё аз ҳар кадоми онҳо сими барқ гузашта бошад. Ман барои хобам бурдан валокордин — доруи пудинагии момогӣ мехўрдам. Ҳамагӣ як-ду соат кумак мекард, ки дунёро фаромўш кунам. Ҳар субҳ бо табларза оғоз мегашт — гўё маро ба спирти сўзон ҷулонда таф медоданд ва ба назарам чунин менамуд, ки ман бедор нашудаам, балки сўхта хокистар мешавам бо ин фикр: «Сафедрўйи малламуйи мисли Мэрлин Монро соҳибҷамолакам аз ман рафт»...
Аввал кўшидам туро бо шароб иваз кунам, аммо саломатии ҷисм зидди чунин оромкунӣ бархест. Дувоздаҳ ангушти рўдаам — баробар бо шумораи ҳаввориёни масеҳӣ, алайҳи ман саф баста, силоҳ бардоштанд. Ҳар пагоҳ дарди меъда оташи бераҳмона ба вуҷуд меовард ва ба назарам чунин менамуд, ки дар меъдаи ман зуғолаҳо месўзанд.
Дар чордевори мисли зиндон якранг, дар ҳасрати фироқи ту, қобилияти меҳнатиамро тамоман гум кардам. Ангуштони замоне чолоки ман чӣ гуна ҷобаҷо гузоштани мавод, калимаҳои мисли тўсҳои Карелия сафеди зебо навиштанро фаромўш карданд. Ва ба ман омин гуфтанд. Саҳифаи маро аз ман кашида гирифтанд.
Як моҳ дар васваса ва фишори равонӣ гузашт. Ва он гоҳ ман ба дур кардани ту аз ёдам, мисли минапораҳо аз танам, шурўъ кардам. Матни паёмакҳои пеш навиштаам, аксҳоятро аз ноутбукам тоза кардам. Сайрҳои ҳарсоатаро ба саҳифаи ту барои хондани хабаре, ки «оё ивазкунандаи маро ёфтӣ»? қатъ кардам.
Ту маро аз решаам буридӣ, маъюби бе пой кардӣ. Аммо ҳоло вақти он расид, ки пойи сунъӣ пўшида, рақси «Калинка»-ро иҷро кунам, саҳифаи нав пайдо кунам.
Барои оғоз, тасмим гирифтам, ки ҳуҷраро ба тартиб оварам, бо чангкашак мусаллаҳ шудам. Дар паси дивани якасра, дар конҳои чанг, аз иҷоракори собиқ як артефакти**** зишт кашф карда шуд — рифолаи истифодашудаи сиёҳранги бесобиқа, шабеҳи мўйлаби ламскунандаи кандашудаи ҳаштпо. Чангкашак вақте резинро фурў мебурд, мисли асп хуррак мекашид.
Аммо оё меарзад ба худ талқин созам, ки бо рафтани ту ҷаҳон ба фарҷом расид? Ман боз сари китоб нишастам ва барои ба даст овардани дили Мария нақшаҳо кашидан гирифтам.
Ту Марияро дар ғафлат ёфта будӣ. Машаро дар хотир дорӣ? Хўсаи шармгини риққатовар аз Google, дар он замон, ки ману ту ҳоло дар авҷи мавҷҳои муҳаббат будем, бо як нома дар саҳифаи ман пайдо шуд.
Иқрор мешавам, ки феълат вазнин, тоқат кардан хеле мушкил буд. Театр маъқулат набуд, на драма, на опера. Киноро ҳам дўст намедоштӣ. Аз ягон чиз шод намегаштӣ. Ба истиснои калимаҳои рўи коғаз дуруст ҷошуда. Туро ягон амали бераҳмона масхаракунандаи сирк машғул медошт. Мисол, саҳначае, ки дар сирк як марди хурдсоли баднаморо таҳқир мекунанд.
Ту дарҳол хулоса кардӣ, ки Маша безеб аст. Ва мо ҳарду ба зани ношинос, дўсти ноаёни маҷозӣ аз таҳти дил хандидем. Вай бошад, бо почтаи электронии ман омўхта гашта, шеърҳо мефиристод. Гапҳои ғалатӣ менавишт: «Салом, лаъли кабудам, лоҷварди ман. Хонанда — эҳтиромкунандаи шумоям. Ин чӣ маъно дорад? — Эҳтиром дорам ва мехонам. Ширинаки ман, фикри шумо барои ман муҳим аст...»
Ту он ситоишҳои чун санги қиматбаҳои лаъли кабуд ва шеърҳои ҳиҷоии Машаро масхара мекардӣ — онҳо вазнин, чандқабата, мисли табли шаманҳо, пур аз ташбеҳҳои аҷиб буданд.
Маша манзараҳои зебо, ҷирмҳои осмонӣ, боришот, киштаҳои сабзро бо кайфият ба қофия медаровард:
Замин дар оғуши корсети бетон.
Асфалтро баргҳои хазон шавкат аст
Ашки нур мерезад чароғи борон
Даромадгоҳи бино сарду даҳшат аст.
Буттаҳои ҳасад бо қалмоқҳои хушк
Бадқасдона якдигарро озор медиҳанд,
Ва танҳо моҳи мунири абрпўш
Ба онҳо танбалонаву сард менигарад...
«Чароғи шаб ва ҳоҷатхона, рўзи олиҷаноб аст, вале ту ҳоло ҳам хобӣ, дўсти дилрабоям»!
Ва ту мисли зоғ қар-қар карда хандидӣ. Ман ба хандаи ту ҳамроҳ шудам. Шод гаштам. — Акнун фаҳмидам, ки туро чӣ тавр хандон кунам. Тамоман тоқати шеърро шунидан надоштӣ. Ва ман худам байтҳо мебофтам, ки ту ба онҳо таҳқиромез бихандӣ:
Дар беруни тиреза барф мезанад,
Ман туро куштам ва оташ задам.
Говронаи ғафси чармӣ бо атри Шанели нуздаҳум барои Ҳаштуми март туҳфаи хуб буд, аммо ту онро интизор шуда натавонистӣ.
Он рўз ман ба Маша посух навиштам. Каме таъриф кардам. Вай ба илҳом омада, сатрҳои нав фиристод: «Соати зангдор садоҳо мекорад ва хоб бо туман меларзад».
Ман чизе нагуфтам, Маша ҳам як таваққуфи боназокатона гирифт. Моҳи декабр, дар мобайни роҳи мухаббати мо, аввалин бор ногаҳон ғайб заданро машқ кардӣ — ду рўз нопадид гаштӣ ва баъд зоҳир шудӣ, аз афташ, фаҳмидӣ, ки ман ҳанўз ром нашудаам, аз танҳоӣ хун намепартоям.
Маша маро бо Соли нав табрик кард. Мутантан ва хандовар:
«Лоҷварди ман! Ба шумо ҳама, албатта, саломатӣ ва хушбахтӣ орзу мекунанд. Ман чӣ таманно дорам? Хоҳони онам, ки гулдастаи табрикотии маро фаромўш накунед, дар ёдатон истад. Донед: орзу дорам, ки соли оянда хуки сурх ба шифт часпида бошад! Бидонед, дар иди бузург танҳоям, мисли гертсоги***** хурдакаки рангпарида сарамро тарошидаам ва танҳо об-мева менўшам».
Ман посух додам: «Бигзор хуки маллааш часпад, — эҳсоси бадгумонӣ, кашолкории разилонаи пиронаи Карамазов******, ҳаракатҳои ҳарисонаи тортанакмонанди ангуштони шаҳватомез — чунин ҳиссиётро дар дили ман бедор мекард он гертсоги хурдакак: танҳоӣ, беҳифозатӣ, рўйи рангпарида, бо сару тани тарошида ва рахи арғувонӣ дар кунҷи лабон аз шарбат. Фикр бикун, ки Машаи ноаён маро як лаҳза ба худ ҷалб кард. Аммо ман сахт ошиқи ту будам ва мухлиси Google танҳо кайфияти маро бо муваффақият истифода кард.
Вай баъдтар ҳам ба ман паёмҳои аҷиб мефиристод. Яке аз онҳо вақте омад, ки ту дигар бо ман набудӣ: «Каро мио*******, ман аз ту дар ташвишам. Ҳолат хароб аст магар? Аниқтараш, лоғар? Ман худам лоғар ҳастам, аммо ба одамони лоғар тобу тоқат надорам...»
Ман худро бовар кунондам, ки Машаро барои тасаллӣ ба ман аз осмон фиристодаанд.
Чанде пас аз рўбучини хона (айби ман, ки дар рифола аломати огоҳӣ аз даҳшатро нафаҳмидам!) ман бо гертсоги хурдакак мулоқот кардам. Навиштам: «Маша, мову шумо на кам аз ним сол боз шиносем. Биёед, ҳамдигарро бинем». Ба хотири шукуҳ бахшидан, барои муносибатҳои ояндадор ҷонишини ҷамъи «шуморо» истифода бурдам: «Машаҷон, иҷозат диҳед, Машаҷон, кашед, Машаҷон, шинед...»
Маслиҳат кардем, ки дар маркази шаҳр, дар назди ҳайкали Пушкин мулоқот мекунем. Як рўз пеш барф борида буд, дар моҳи апрели серрутубат замин аз ҳар ҷониб сиёҳ менамуд. Бўйи хошок барои чорво, замини намнок — буи хоси хоҷагии деҳот ба машом мерасид. Офтоб боз гарм кардани табиатро ёд мегирифт, вале нобоварона, гўё бо ангуштони гарм ин ҷову он ҷоро мепалмосид.
Ман интизор шудам. Маша дер омад. Ман дар гирди пояи муҷассамаи биринҷӣ давр зада, туро меҷустам, азизам, — Ман бовар доштам, ки Маша ба намуди меҳрубони ту қариб монанд аст.
Дар дақиқаи понздаҳум тасмим гирифтам, ки занг занам. Маша рақами телефонашро пешакӣ фиристода буд. Рақамҳо мисли дандони ашки мори афъӣ дар ёдам мондааст: ду рақами охираш 4 буд. Азизам, тасаввур карда метавонӣ, рақами Маша ҳам мисли рақамҳои ту чун дандони мори афъӣ гиз аст.
Маша посух дод: «Ман аллакай омадаам, аммо шуморо ҳанўз наёфтаам», — дар телефон баробари овози Маша мағали хоси кўчаи Твер садо дод. Мошин бонги хатар зад ва дар телефон садои клаксони дугонаро шунидам. Маша дар наздикӣ буд.
Ва он лаҳза ман Машаро дидам...
Не, аниқтараш, ман аллакай ўро дида будам, аммо ҳатто фикр намекардам, ки ин Маша аст. Ман бо чашмам ҷустам, аммо вай худаш бо ман гап сар кард: — Ин манам, лоҷвардам...
Зўракӣ табассум кард ва ман фаҳмидам, ки Маша аллакай барои гарангӣ, тарси мардонаам ба ман нафрат мекунад. Дар куҷое дар шохаҳо зоғе ба таври даҳшатнок хандид.
Агар фарз кунем, ки дандонҳои Маша бо ҳуруфи Times New роман, андозаи дувоздаҳ чоп шуда бошанд, пас дандонҳои пешаш баробар ба андозаи ҳаждаҳуми ҳуруфи вердана буданд. Дар атрофи дандонҳои Маша чеҳраи беҷинсияти кўзапушт — арвоҳ аз тахайюли рўикоғазии қаблии ман буд. Вай ба скрипканавоз, як писарбачаи маъюб бо мўйҳои Башмети******** музофотӣ-бо буриши чоркунҷаи мўйи равғандораш, ки то китфҳо мерасид, монанд буд. Лаби болояш монанд ба суруди гусар********* дар суруди машҳур аст: «Маро, ҷавонаки бемўйлабро, даъват мекунанд»! Биниаш догдор, гуё мурч задаанд. Пешониаш сурхи пулакчадор. Бо лабҳои бо ранги сафед ишора шудааш гўё духтарчаи баҳои 3-гирак аст, ки шармгинона дар назди тахтаи синф бўр хўрда бошад. Китфҳояш нишаста, чаппашуда — ёд дорӣ, ба ту навишта будам: «Ва китфи разведкачии бечора баромадааст...».
Наздик будам ваҳшиёна эътироз карда остинҳоямро ҷунбонда фарёд занам: — «Чӣ ҳазли хунук? Машаи ҳақиқӣ куҷост»?! Вале ба ҷойи ин пастакак ғурунгос задам.
— Салом, Маша, ана, мо вохўрдем. — Биёед, қаҳва нўшем.
Дигар чӣ илоҷ монда буд? Албатта, Машаро на аз дасташ гирифтам, на аз оринҷаш. Вай бетартибона дар паҳлўям қадам зад.
— Корҳоят чӣ хел, Маша? — ман ба қафо нигаристам.
Ба назар чунин менамуд, ки ў дидаю дониста ақиб мондааст, то ба ман имкон диҳад, ки саропои ўро бинам. Хайр, беҳад даҳшатнок набудааст. Ҳамсоли муқаррарӣ, безеб, шояд солаш каме аз ман калонтар бошад. Либоспўшиаш сода, қариб қашшоқона, либоси пати кабуди кулоҳдораш то зону, поёнтар — шими ҷинсӣ ва мўзаҳои обгузар.
— Корҳо аъло, лоҷвардам? Ман рост аз маросими дафн омадам...
— Оҳ, Маша, чаро нагуфтӣ, ки имрўз барои вохўрӣ мувофиқ нест? Мо дигар вақтро маслиҳат мекардем. Умедворам мусибат дар оилаи шумо нест?
— Ва умед накун, «каро мио»! — Бародарам мурд.
Чашмони Маша дурахшиданд. Ошуфтагии ман ба вай маъқул шуд.
— Маша, ҳамдардӣ изҳор мекунам...
— Ба ман тасаллияти понздаҳ сол пешро диҳед — вақте ў маро таҷовуз карда буд. — Маша бадқасдона дандонҳои зардашро гиз кард. — Вале ман натавонистам ўро гусел накунам, шумо мефаҳмед?
Боз як нигоҳи каҷи дилро сўрохкунанда.
Э Худо! Фирор бикун, мисли Мизгир********** гурез...
Ман Машаро ба ошхонаи «Қаҳваи Харҷумарҷ» кашола кардам. — Тартибот чунин аст.
Шоми ҷумъа қариб ҳама мизҳо банд буданд. Дар толори барои тамокукашҳо ҷой ёфтем. Мо дар байни одамони шўхи беақл, мисли ороишоти солинавӣ нишастем.
Ман номгўйи таъомҳоро варақ задам, Маша лабу рўяшро бурма кардан гирифт — ба назар чунин менамуд, ки пеш аз ҷанг пешонӣ ва лунҷҳояшро тармим мекард. Ман капучино пешниҳод кардам, ки бо андўҳи Маша мувофиқ аст.
— Ду капучино! — хоҳиш кардам ба пешхизмати Харҷумарҷ.
Суҳбат часпон набуд. Маша, лабонашро ғунча карда, чун думи бурида ба ҳар тараф меҷунбонд.
Баъд гуфт:
— Боиси таассуф аст, лоҷварди ман. Мо якдигарро бори аввалин ва охирин мебинем. Шумо дигар ба мулоқот намеоед...
Бо дард гуфт. Ман ба ў чӣ ҳам посух дода метавонистам, азизам? Вай ҳақ буд. Аз ваъдаи гуфтани суханҳои дурўғи «Ту чиҳо мегуӣ, Маша, мо борҳо, бисёр-бисёр мулоқот мекунем». — пешхизмат моро бо овардани қаҳва халос кард.
Маша даҳони думмонанди худро ба капучино заду ногаҳон бародари мурдаашро ёд кард:
— Аммо Албертро маҳкум накунед, «каро мио». Биёед, ман ўро ба шумо нишон диҳам...
Маша ба гиребонаш даст дароз кард, — дар зери куртаи кушод домани пиджак пайдо шуд, — аз он як чизи монанди сумкаи чарминро гирифт, аз он як суратчаи андозааш се ба чорро баровард. Аз расм як каллаи алочашми гирифтори бемории Базед*********** менигарист, ки андак ба Маша шабоҳат дошт.
— Вай аз ман се сол калон буд. Дар математика истеъдоди фавқулъода дошт. Аммо аз хизмати артиш чун бемори васвосӣ баргашт. Ўро дар он ҷо таҷовуз карданд, лоҷварди ман. Ў қасди худкушӣ дошт, вале дар натиҷа маро таҷовуз кард. Модарам вақте фаҳмид, қариб ҷонаш мебаромад. Мо ба ҳеҷ куҷо арз накардем. — Хасрўбаро дар кулба нигоҳ доштем. Вале ман ўро бахшидам!..
Маша аз ҳад баланд гап мезад. Сарнавишту иқдоми далеронаи ўро шояд дар мизҳои ҳамсоя шуниданд.
Маша бо дум-даҳони худ ба пиёлаи қаҳва шитофт, гўё ба гирдоб даромад ва бо шилшилаи ғафси қаҳва дар як канори лабаш баромад.
— Вай аз саратони ғадуди зери меъда вафот кард. Маҳз аз сабаби он, ки бо доруҳои даҳшатнок шикамашро пур карданд. Вай бениҳоят фарбеҳ шуд, тамоми мўяш рехт...
Дар сари мизи наздиктарин гуфтанд:
— Мўйлабҳояш, мисли рўбоҳи тўлаккарда! — Ҷавонҳо хандиданд.
Маша аз чӣ сабаб бошад, ки «рўбоҳ»-ро ба худ кашид. Ў лабони мўйлабчадорашро пок карду капучиноро бардошта, ба сўи душман рафт. Пеш аз он ки ман чизеро фаҳмам, Маша фиғон кашиду қаҳваро ба одамони дағалсухан пошид. Ман аз хиҷолат шах шудам.
Азизам — ҳам хандаовар аст, ҳам гиряовар. Қошуқу табақчаҳо ҷарангос заданд. Ду курсӣ чаппа шуд. Қурбонӣ — духтари хандони дар тан свитери сафед — гўё ба қафаси синааш тир расида бошад, чашмон ва дастонашро калон кушода истод.
Ҳамсояаш хитоб кард:
— Оля-а! Оляҷон! — ва захм — доғи капучиноро бо рўймолча пок кард.
Маша, ки ба қаҳрамони асари Тютчев «Геба» шабоҳат дошт, чумчаи тафсони холикардаашро меҷунбонд. Ҷўраи духтари маҷрўҳ пои шимашро афшонд. Тамоми дастаи тамокукашҳо, аввал ҳайрон шуда, баъд шўр бардошт: худаш чӣ гап? Ин чӣ даҳшат аст?
Ходимони «Каҳва ва Харҷумарҷ» ба мавзеи торумор расида омаданд. Дўсти ғазабнокшудаи духтари қурбонӣ ба сўи Маша ҳаракат кард, вале чеҳраи бепарвои ў маънои «қатл кардан мумкин нест бахшидан» — ро ифода мекард. Ногоҳ истоду дар ҳайрат монд: Маша сарашро чун фалахмон гардондан гирифт. Даҳонашро калон кушоду ба фарш афтод, ба ларза даромад, аз даҳонаш луҳоби сафед баромад, гўё Маша кафки капучинои нав хўрдаашро раҳо мекард. Касе дод зад, ки зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занед, даҳонбанд сохта зери дандонҳояш гузоред, ки забонашро нагазад.
Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин як ҳолати воқеӣ аст ё вай худро гирифтори бемории эпилепсия вонамуд кард. Маша ҳама дилсўзии одамонро ба хубӣ қабул кард, итоаткорона даҳонбанди аз сачоқча сохтаро зери дандон гирифт. Пас аз як-ду дақиқаи дигар лагад задан худро саг барин афшонда, аз ҷояш хест ва абрў чин карда, зуд ба ман гуфт: — Лоҷвардам! Маро хона баред...
Ман дар роҳ як кўчманчии осиёиро боздошта, Машаро як бало карда, ба мошин андохтам ва панҷсад рубл додам. Вай ба ман часпид, саъй кард, ки ба роҳи пиёдагард афтад, дастонашро дароз карда гуфт:
— Наравед! Маро бубахшед!..
— Азизам, ту ба ҳеҷ чиз гунаҳгор нестӣ!.. — Машаро чуқуртар тела дода, ба ронанда гуфтам: — Хайр, рав акнун, бало занад!
Мошин равон шуд, Машаро бурд. Азизам, он шаб дар бораи ту фикр накардам. Аз Маша ба ҷон расида будам.
Вай баъди ягон ду соат занг зад. Ман мағали кўчаро шунидам. Маша дод зада гуфт, ки он осиёӣ хост ўро таҷовуз кунад, панҷсад рублро гирифта, ўро дар роҳ партофт. Ў афтода мемурд, аммо ба шарофати тарбияи ҷисмониаш зинда монд — ду сол дар Хонаи пионерон конкибозиро машқ кардааст, фурсат ёфтааст, ки то афтодан ба пой рост истода, худро наҷот диҳад.
Ман гуфтам: — Маша, шумо бояд фавран ба полис муроҷиат кунед.
— Ҳеҷ кас ўро намеҷўяд, — посух дод Маша. Мотам гирифт: — Имрўз ман туро тарсондам, ширинакам, ман мушкилоти зиёд дорам... Аммо иҷозат медиҳед, ки ба шумо занг занам?
— Албатта, Маша...
Ҳар рўзи худо занги телефон! Вай дар телефони мобилиаш як нархномаи барои ман қотиле гузошта буд, ки ба вай имкон медод соатҳо бо ман сухбат кунад. Ў ченаки вақту соатро намедонист. Гўё аз камин ҳамла мекарда бошад, таъйин мекард:
— Баъд барги лавр, занҷабил ва мурчи сурхро илова кунед... Каро мио, маро хабар гиред, ман шуморо табобат мекунам...
Бо охирин сабру тоқат ман барои рад кардан баҳона меҷустам: «тасма канда шуд, ронанда бемор»************...
— Субҳ ба хайр, азизам! Аз хоб бедор шудед? Мехоҳам, ки маро ба рақс даъват кунед... — Маша бо садои баланд, то пардаи гўшҳояш хандид. — Ба шумо ҳеҷ кор кардан лозим нест, «каро мио». Мусиқиро мешунавед?..
Бум-тса-тса, бум-тса-тса, бум-тса-тса.
— Мешунавам, Маша...
— Мусиқии Штраус! Ў ҷодугар аст. Хуб, дасти худро ба ман диҳед — ин ҷо, ба камари ман гузоред ва маро давр занонед...
Ин ҳол метавонад касро девона кунад. Вале ман розӣ шудам. Мо дар як ҳафта камаш се маротиба рақс мекардем. Ба оҳанги «мазурка», «полка», «краковяк», танго...*************
Вақте боз навбат ба «ҷаҳидану паридан» расид, ман корпартоӣ кардам: — Маша, аз рақсҳои ту безор шудам. Аз барои Худо, монед кор кунам!
Вай хафа шуд ва шояд як ҳафта пайдо нагашт. Азизам, ман хайрхоҳона гумон доштам, ки ўро сахт ранҷондаму эҳсоси ўро нодида гирифтам.
Телефон садо баровард. Гўшаки он бо душворӣ нафас кашидану фиғон кардани Машаро танинандоз намуд:
— Лоҷвардам, бадбахтӣ. Ба ту гуфта будам, ки ман духтар дорам...
— Ҳа, Маша...
— Духтарам Элеонора понздаҳсола шуд. Шавҳари собиқи ман Юра, муҳаққиқи физикаи назариявӣ, ҳашт сол пеш илмро тарк карда, ба тиҷорат даромад ва ба Аргентина кабели нахи оптикӣ фурўхт. Онҳоро чеченҳо муҳофизат мекарданд. Акнун маълум шуд, ки Юра аз чеченҳо қарзи зиёд доштааст ва онҳо Элеонорро дуздидаанд! Ба ман занг зада пул талаб карданд. Юра бошад, ғайб задааст!
Рақси лазгинӣ сар шуд. Назди чеченҳо сар ба зону задан.
— Вале ман ба шумо чӣ гуна ёрӣ дода метавонам, Маша?!
— Бо онҳо суҳбат кунед!
— Бо кӣ?
— Бо дуздони Элеонораи ман!
— Маша, ман бо чеченхо чӣ гуфтанамро намедонам. Ва ман ба онҳо чӣ мегўям?
— Таҳдид кунед...
Ба ҷои таҳдид, ба ман лозим омад, ки тақрибан чил дақиқа Машаро ором кунам. Тасаллӣ додан ба каси тасаллонопазир — заҳмати Сизифӣ************** аст.
Ман аслан ба афсонаҳо дар бораи собуни махсуси Аргентина барои мошин ва пахта-шиша бовар надоштам, ҳарчанд шайтон медонад, ки...
— Лоҷвардам! — Ман субҳ аз нолаҳои ў бедор шудам. — Бубахшед, ман ба шумо тамоми ҳақиқатро нагуфтам. Элеонора... Вай духтари Юра нест. Падари аслии ў бародари марҳумам Алберт аст!..
Соат ба соат аҳвол бадтар... Худоё, наҷот бахш ва саробонам шав.
— Он вақт ман ҳомиладор шудам... Юра шубҳае надошт. Чеченҳо ҳам намедонанд, Элеонораро духтари Юра гумон мекунанд. Чӣ мешавад, агар шумо ба чеченҳо ҳақиқатро гўед?! Шояд онҳо Элеонорро бармегардонанд? Шумо ба онҳо гўед, шумо метавонед, ман ба шумо бовар дорам! Шояд занг задан бароятон душвор бошад? Беҳтараш, рақами телефонатонро ба онҳо медиҳам!
— Маша, лутфан, рақами маро ба ягон чечен надиҳед!
Ман аз диван хестам. Хоб аз чашмам парид. Аз дур мили кранҳои борбардор мисли дор аз асари ҳазёнии моҷароҷўёна ба назар мерасанд.
Маша нисфирўзӣ занг зад.
Бо ҳаяҷон нафас мекашид:
— Лоҷвардам! Ҳама корро худам тахт кардам. Қарор додам, ки хонаро мефурўшам. Ман ба шумо як дархост дорам — ба ман дар ёфтани маклер барои фурўши хона кумак кунед! Ман аз фиреб хеле метарсам!
— Маша, азизам, аммо ман ягон риэлтори шинос надорам! Интернет пур аз ҳама гуна ширкатҳо аст — нигаред...
Ман ҷавоб додан ба зангҳои телефони ўро бас кардам. SMS фиристод: «Ман роуминг дорам».
Маша ба мукотибаи телефонӣ даромад: «Лоҷвардам, ман шуморо хеле пазмон шудам!», «Шумо кай бармегардед? Маслиҳат кардан лозим аст», «Халтачаи ангуштони даҳоёнаатонро мебўсам», «Ба... ман пешниҳод карданд, ки пули хонаро бо франки швейцария ҳисобӣ кунанд. Розӣ шавам?»
Маша мунтазам занг мезад, мисли вақти истеъмоли дору — чор маротиба дар як рўз.
Ҳар рўз аз Маша хабари нав меомад. Аммо дере нагузашта фоҷиаи ҳақиқӣ ба амал омад.
«Онҳо Элеонорро куштанд!»
Ва пас аз фосилаи чоряк соат навишт: «Фавран занг занед, вагарна дилам мекафад!»
Ба танам ларза афтод. Ноумедии Маша беканор буд, чунки пораи дили ўро куштанд. — Элеонора Албертовна, ё Элеонора Юревнаи дурўғӣ.
Баъди чанд соат ба ман паёмак омад:
«Салом. Ман Валерия — хоҳари Маша ҳастам. Ман аз телефони вай ба шумо менависам. Маша дар беморхонаи якуми шаҳр аст, ҳолаш вазнин аст».
Ҳусни хат дигар, аломатҳои китобат дигар. Ин навиштаи мутантани Маша нест. Хеле одӣ, гўё донаҳои марҷумаки беҳисро чидаанд. Ин кори Валерия.
Ман таслим нашудам. Муштҳоямро фишурдаму посух нанавиштам.
Дар нимаи дуюми рўз боз паёмак омад:
«Ин боз Валерия аст. Аҳволи Мария бадтар шуд. ҷарроҳии вазнин талаб мекунад».
Дар ғуруби офтоб:
«Ҷарроҳӣ бебарор анҷом ёфт. Шояд бимирад. Валерия».
Шаб:
«Мария ба кома афтод. Биёед, видоъ кунед».
Баъзан ба муаллиф шубҳа мекардам, дар тасаввурам як ҷияни зоҳираш даҳшатнок, як бемори дигар падид меомад, ки Машаро дар бистари марг посбонӣ мекунад...
Соати 2-и шаб маро, хабари аламангез гуё ангушт зада аз хоб бедор кард:
«Мария мурд».
Фоҷиаи ногаҳонӣ Машаи камтачриба ва пурғайратро ба гўр бурд. Эстафетаи ғамхориро кӣ ба дўш мегирад? Магар Виктория?
Сабоҳ хабар омад:
«Пагоҳ, соати 11-и рўз видоъ бо Мария барпо мегардад. Ба суроғаи метрои Первомайская, кучаи 7-уми Парковая, хонаи фалон, фалон ҳуҷра биёед. Лутфан, ҳузури худро тасдиқ кунед. Ман дигар шуморо ташвиш намедиҳам. Валерия».
Гоҳ-гоҳ фикре ба сарам меомад, ки ба видоъ бо Маша равам, то ҳамаашонро якбора бинам: хоҳараш Валерия, физик Юра, чеченҳо, Машаи хоб дар тобути фақирона...
Вале медонистам, ки намеравам: дар суроғаи Якуми Май аз як километр бўйи маросими дафни якумиапрелӣ меомад.
Азизам, дар он лаҳзаҳои душвор барои зангҳо ва паёмакҳои гузоштаам, барои таъқиби нангин бо ангушти каҷкардаам аз ту бахшиш пурсидам.
— Баргард, баргард ва дигар ҷанг накун. Ман туро башидам, азизам...
Вале нимаи дуюми рўз як паёми лоҷвардӣ омад: «Марги маро аз ҳад зиёд овоза карданд. Марияи дигар мурд. Хоҳари девонаавзоям Валерия, чун одат, хато кард, ўро бубахш. Умуман, хеле воқеаҳо рўй доданд. — Биёед, ҳамдигарро бинем! Машаи шумо»...
* Морзе — алифбои аломатхои шартӣ барои хабардиҳӣ ба воситаи дастгоҳи телеграф
**Муаллифи доимии як сутуни доимии маҷалла ё рўзнома.
*** Ходими хурди тиббӣ дар бемористон, шояд муаллиф онҳоеро дар назар дорад, ки дар бемористон бо ҷасадҳо кор мекунанд.
**** Далел, бозёфтҳои таърихӣ аз ҳафриёти мавзеъҳои қадима
***** Гертсог — унвони дворянҳои олимартаба ё князҳои мулкдори Европаи Ғарбӣ
****** Қаҳрамони романи «Бародарон Карамазовҳо» — асари машҳури адабиёти рус дар асри 19.
******* Муроҷиати меҳрубонона чун «азизи дилам», ки дар як суруди машҳури итолиёӣ такрор
мешавад
******** Юрий Башмет — устоди машҳурӣ мусиқӣ дар Россия.
********* Гусар — аскари махсуси савора.
**********шояд қаҳрамони як асари бадеӣ.
********** Бемории Базед — беморие, ки дар натиҷаи нодруст кор кардани ғадуди гулў пайдо мешавад.
*********** Мақоли русии «порвался гуж, кучер не дюж...» баҳона барои халос шудан.
************* Номи мусиқиҳои лаҳистонӣ ва бразилиёӣ.
**************Заҳмати Сизифӣ, аз ривоятхои Юнони қадим, ба маънои кори беҳуда