Ба осмон назаре, осмон ҳамон ки буд...
* * *
Ба осмон назаре, осмон ҳамон ки буд,
Яхину мисли чаҳи умқнонавардида.
Агарчи будию айни замон набудӣ ту,
Ба рўи он ту надидию гаҳ вале дида.
Гаҳе ҳавопаймо буд, ё зарурат буд,
Ва ё ба қофия худро паранда мекардӣ...
Замони тифлӣ парвози нохудогоҳе,
Валек баъд сару рўи хеш мекандӣ...
Кунун таваққуфи иҷборӣ, аз ҳавопаймо
Бурун шудию суи нокуҷо шино дорӣ.
Чу Мартин Иден дар умқу дар баландиҳо,
Ки кас надидаву аммо бар он ту тоб орӣ.
Ба осмон назаре, осмон ҳамон ки буд,
Яхину мисли чаҳи умқнонавардида.
Агарчи будию айни замон набудӣ ту,
Ба рўи он ту надидию гаҳ вале дида.
Гаҳе ҳавопаймо буд, ё зарурат буд,
Ва ё ба қофия худро паранда мекардӣ...
Замони тифлӣ парвози нохудогоҳе,
Валек баъд сару рўи хеш мекандӣ...
Кунун таваққуфи иҷборӣ, аз ҳавопаймо
Бурун шудию суи нокуҷо шино дорӣ.
Чу Мартин Иден дар умқу дар баландиҳо,
Ки кас надидаву аммо бар он ту тоб орӣ.




