Ин ғамангез аст-аз нав ҷустани бахт...
* * *
Ин ғамангез аст-аз нав ҷустани бахт,
Ҳарфи беҳуда. Биҷӯяд дай калид,
Бар сари мову табиат мекашад
Ин зимистон пардаҳои сап-сафед.
Ин ғамангез аст дар ин шаҳр
Ёр дар ангуштари бегона дидан,
Хешро бо як ғурури нобаҷо аз даст додан,
Баъд навмедона аз раҳ резаи афсӯс чидан.
Ин чи тасвир аст, дар рухсораҳо сурхӣ дамида,
В-ин шафақҳо сурх аз шарму аламҳоянд,
Чизҳо гум мешаванд аз хонаи осемасар ғундошта,
Менадонанд ин ғарибон роҳпаймои куҷоянд?