Ятимӣ
Хона холӣ. Бод дорад сайругашт.
Зоҳиран дар акси як вақте сафед
Соҳибони хона аккосӣ шуда,
Байни онон хорпуште ҳам падид.
Аз паси девор дарғоче чу дар
Мекунад ғиҷ-ғиҷ ба ҳасрат, бо алам.
Дорад инак ҳам нишони зиндагӣ —
Чумчаҳову косаҳое бешу кам.
Дар хаёлам чизҳо бар ҷонибам
Бингаранд озурдаву бо сарзаниш
Чун сагону гурбаҳои ҳайшуда,
Гашта маҳрум аз рифоҳу парвариш.
Мешавам ҳайрон, ки мардумро чӣ чиз
Кард маҷбур аз макони худ раванд?
Ваъдаҳои хоми ҷаллобони кор
Ё ягон барномаи фарҷомфанд?..
Хомушӣ. Дарғоч танҳо бо зиқӣ
Гӯӣ бинвозад навои ноҳақӣ.




