Дарди рӯзона аз ҷануб омад...
* * *
Дарди рӯзона аз ҷануб омад,
Бо ҳуҷуми малах чу сели наҳс.
Баста пеши нигоҳи чашмонро,
Ҳукм ронда ба мо бидуни баҳс.
Баъди чанде гирифта ӯ ором,
Мехазад дар замин мисоли муш,
Боз бе раҳму шафқате аз нав,
Мерасад барбарона бо сад ҷӯш.
Ҷумларо маҳв мекунад бераҳм,
Дар раҳаш ҳарчи рӯ ба рӯ омад.
Мекушад,мехурад ҳама чизро
То ба барге,ки дар нумӯ омад.
Ҳалқаи нурҳои хуршедӣ,
Чину ожангҳои пешонӣ,
Рӯҳи мо лек поку солим аст,
Дар суроғи фурӯғи инсонӣ.
Дарди рӯзона аз ҷануб омад,
Бо ҳуҷуми малах чу сели наҳс.
Баста пеши нигоҳи чашмонро,
Ҳукм ронда ба мо бидуни баҳс.
Баъди чанде гирифта ӯ ором,
Мехазад дар замин мисоли муш,
Боз бе раҳму шафқате аз нав,
Мерасад барбарона бо сад ҷӯш.
Ҷумларо маҳв мекунад бераҳм,
Дар раҳаш ҳарчи рӯ ба рӯ омад.
Мекушад,мехурад ҳама чизро
То ба барге,ки дар нумӯ омад.
Ҳалқаи нурҳои хуршедӣ,
Чину ожангҳои пешонӣ,
Рӯҳи мо лек поку солим аст,
Дар суроғи фурӯғи инсонӣ.



