Дар Тимошкино ду-се узбеки оддӣ...
* * *
Ба Евгений Рейн
Дар Тимошкино ду-се узбеки оддӣ
Барф мерӯбанд бо ҷорӯб.
Дар Красногорск ҳам аз савти бӯрон
Савти ной ояд зи савти рӯб.
Ҳисси танҳоист андар Рус,
Лаб ба русӣ гуфт: «вери гуд»
Шабпаракбарф аст эҳсони Худо,
Чӣ нависам, бар кадомин ru.
Не касе, ки ронӣ аз пешат,
Фасли дай гардида тӯлонӣ,
Маргу бемаргӣ баранд аз ақл
Андар ин шабҳои бӯронӣ.
Ишқу ин асри саросема
Мешавад аз дасти шаб урён,
Рӯшноӣ мешавад пайваста камтар,
Мешавад кам рӯшноӣ ҳар замон.
Зиндагӣ хомӯш мегардад,
Дар хами паскӯчае ором.
Шоиронро нимаи шабҳо
Аз фаришта мерасад инъом.
Ба Евгений Рейн
Дар Тимошкино ду-се узбеки оддӣ
Барф мерӯбанд бо ҷорӯб.
Дар Красногорск ҳам аз савти бӯрон
Савти ной ояд зи савти рӯб.
Ҳисси танҳоист андар Рус,
Лаб ба русӣ гуфт: «вери гуд»
Шабпаракбарф аст эҳсони Худо,
Чӣ нависам, бар кадомин ru.
Не касе, ки ронӣ аз пешат,
Фасли дай гардида тӯлонӣ,
Маргу бемаргӣ баранд аз ақл
Андар ин шабҳои бӯронӣ.
Ишқу ин асри саросема
Мешавад аз дасти шаб урён,
Рӯшноӣ мешавад пайваста камтар,
Мешавад кам рӯшноӣ ҳар замон.
Зиндагӣ хомӯш мегардад,
Дар хами паскӯчае ором.
Шоиронро нимаи шабҳо
Аз фаришта мерасад инъом.




