Олами миёна

Чу ман афрӯхтам гулхан, ғизо бо оташаш додам, Бар ӯ андохтам аз худ ҳазорон қатраҳои хун. Зи хуни гарму ботадриҷи тиллоии сӯзонам Зи он хуни муҷаллои дилу ҷонам. Фурӯзон гашта оташ, дод зад, печид, Фиғон зад бо забони оташини худ, Сиёҳиро ба тири нури худ парронд, Ба сӯи ахтарон, бо абри боло кард худро ҷуфт. Сутуни дуд сӯи арш боло рафт, Мисоли мори печон дар шарори худ, Ба гӯши олами боло чиҳое гуфт. Ба қарсу қурс омад олами боло, Хурӯшиданд ахтарҳо ҳамоно зуд, Ба ҳам печида дар як тасмаи сабзе Шуда бо шӯълаи фаҷри шимолӣ буд. Дурахши шӯълаи фаҷри шимолӣ! Ба гирди оташаш тӯморҳое кардам овезон Ба ҷисми коҷу чилғӯза, Ба пайкарҳои мустаҳкам қавӣ, мавзуну номавзун, Ба хоболуд пайкарҳо, Ба шохи буттаҳои барфии бедор. Бизад зангӯла аз ҳар кунҷаки он ҳалқаи торик, Таҳи онҳо даромад решаҳои гарм, Биҷунбид барфтӯда ҳамчуноне хирс дар лона, Бишуд хуни замин обу ҷудо гардид. Намак бедор шуд бо барфи тар то ки Ба гӯши олами поён расонад чакраҳояшро. Ба алвонҷ омада тӯморҳо ҳушёр Зи нохунҳои мурғон, устухони морж. Азоимҳо дар онон рӯ заданду Бо ҳазорон нури сабзу тоза ворастанд, Шуданд ин шӯълаи фавҷи шимолӣ. Задам доира он гаҳ ҷаста ман аз ҷо Ба арғушт омадам чун гурги вораста, Муқаддас рӯҳҳо бар сӯи ҳам оед, Муқаддас рӯҳҳо тозед Муқаддас рӯҳҳо бикшода бол оед, Мадад оред бар Айяи пир. Ҳазорон сол кардам ҳифзи ин марз, Заминро, махлуқонеро, ки ин ҷо зиндагӣ доранд, Даванду ҷуфт ронанду андешанд, нафас гиранд, сурудхонон, шино карда, муҳаббат баставу парвоз карда. Касе, ки рӯяд аз ин марзи андар ҳифз, Ҳазорон сол ман будам нигаҳбонаш. Бикардам ром маҷророву пур аз моҳиён кардам, Бикардам ром ҷангалро, ки пур аз сайд гардондам. Ҳаворо доштам тоза, ки бошад пур зи парранда, Фурӯ бар қаър рафтам, то ки гардад бештар махзан. Сипар будам, ки душман нагзарад аз сарҳади хокам, Кунун бе қуввату неру шудам, афтода ҳаллокам. Варам карду дарав шуд вақт, Замин ҷисман ҳама хам гаштаву беҷо шуд, Ҷаҳон дар нафрату қаҳри кабуд олуда гардида, Намемонад ҷаҳолат то нафас гирем, сози даф нафасгир аст. Надорад ёд кас чизе. Ҳама дар хӯрдани ҳамдигарӣ банданд. Касе дарди касеро ҳис натонад кард. Маро ин дард хӯрду об карду кушт, Ба чашмони тиҳӣ ашкони яхкарда Ба зери ин замини сард, дар яхбандии ҷовид, Барорад сар, биҷӯшад ғам, Ба ларза мераванд ин кӯҳҳо бо нолаҳо дар тан, Панаҳ ҷуста ба зери кафк баҳри дардманд акнун. Мадад, эй дӯстони ҳамнабарди ман, Шудам хаста, натонам роҳ рафтан дигар, эй ҳамкасбҳои ман. Ба кӣ вомегузорӣ? Чун ҳама зинда Ниҳон гардида. Бо чашмони ваҳшӣ бингарад сӯят. Ман акнун анқариби пурра шаффофам, Азизон, додарону хоҳаронам. Биларзиданд шохакҳо, шино карданд барфони канори рӯд, Ҳама тӯморҳо хокистари нарме шуданду рехтанд аз сар, Ҳам ин сон тасмаҳо ҳам хӯрда гашта нуқтае шуд сабз- Ки ӯ танҳо ба дунё ҳукми худ ронад — Ба коми гулхан акнун майл меоранд ахтарҳо. Нафасгир оташ акнун роҳ бикшояд, Шаманро гирд карда сояҳо ҷамъанд, Ба ҳам печида ҳуштак мекашад боди сияҳ аз қаър Шавад оғози дигаргардии дунё Ба рӯгардонии нур.