Ба дилам заҳри гузашта мафишон...

* * *
Ба дилам заҳри гузашта мафишон,
Ки замон, аслан нест.
Шояд ӯ донасиёҳона шиновар
Ба карамбои бибист.

Пешдоман ба ҷиде сахткашон мегӯяд,
Ӯ ба сӯям, ки бихӯр то бирасӣ.
Ва мани хурдакаки шиштаи танҳо
Мефишорам бо кафам чумчаи мисӣ.

Дили ман ҳеч нахоҳад бихӯрам,
Шӯрбояш чӣ зиёд аст, вале ӯ.
Истода сари ҷонам чу шафақ,
Мефишорад, ки барам коса фурӯ
.
Ту биёмӯз бихӯрдан, ки шудан хоҳӣ зан,
Эй сари хурдакаки лаб ба лаб исён.
Мефишонад сари ангушт ба таъкид
Ки бурундар нашавам гар нахӯрам то поён.

Хам хӯрам сӯи карамбо пайи бовар.
Чу шудам сахт хамаш дидам зуд,
Чарбуи халқа ба халқа рӯяш,
Даҳшати қаъри вуҷуд.