— Кыё! Кыё!...
* * *
— Кыё! Кыё!
То ба зону дар даруни об, дастҳои чархароба дар кафаш
Назди пул, дар рӯ ба рӯи он қубурҳое, ки афшонанд кафк
з-оби собунии ҳаммом, дар бари оромгоҳи кӯҳнаву
масҷидҳое, ки натарконидаанд алҳол.
ӯ ситода дар даруни об мекунад пешоб,
бедарак гӯӣ, ки чун афтодааст ин ҷо
ханда дар рӯяш кунад сайр аз қаноат
ё ки аз девонагӣ; баъди ҳоҷатро баровардан дар он ҷо истода,
аз ҳамин ҷо одатан мебигзарад пода,
истодаст бо ҳамон эзори бозаш, чашм бар амвоҷ,
обҳо пайтобаашро медиҳанд алвонҷ,
ӯ намедонад чӣ бояд кард, истодаст ҳайрон,
бо ду дасташ дошта аз чархароба, мекунад бо хеш ғур-ғур,
як ҳамин ҳарфаш ба гӯш ояд: — Кыё! Кыё!
Чист ин? навҳа? ва ё нафрин?
Ҳар баҳорон
бар сари пул наъраи раъд оҳанин ояд.
— Ин Киё-Киё — равад сӯи ҳаво, —
чун баромад чархароба аз даруни об,
— зери аккоси сагон ӯ падид омад
бо кулоҳи расмии хокистарии худ,
бо калӯши сурхи истеҳсоли худ.
ӯ ба ҷангар — ҷунгури худ бигзарад,
бар ҳама бегона, аз пушташ
пиразанҳо бо дареғу дард бо ангуштҳо акси салиб бар
сина бигзоранд мардҳо гӯянд бо ғур-ғур:
аблаҳо, бигзар, гузар, ӯ меравад бо чархароба
мезанд ғайб андар он торикии рӯзи равон
ҳамчуноне, ки ба ногаҳ омад ӯ, он гуна хоҳад рафт,
як фақат овои ғул-ғул бо садои ак-аки сагҳо
гоҳ ин ҷо, гоҳ он ҷо аз паси ӯ...
Ӯ чаро омад, ин одам?
Ҳамчу чархи қисматаш дучархаро пайваста меронад,
аз чӣ гирён аст рӯзи ид,
бо табассум мекунад тоқат,
мекунад шодии бемаврид: ман худам дидам,
ӯ чӣ гуна гом аз пушти ҷаноза мениҳод,
бо даҳони вози бедандон,
менамуд изҳори шодӣ, ханда мекард,
Бин, Киё! Киё! — аз куҷо оварданаш,
сӯи куҷо хоҳанд бурд?
— Ту мадеҳ манро ба он ҷо, —
модарам мегуфт пеш аз марг,
лек чашмонаш чуноне буд...
Боз чанде пеш
мегузаштам ман аз инҷо.
Хонаи якошёна, сохти кӯҳна,
деҳача дар байни саҳро,
хонаи чӯбину болохонадор
шишта дар айвонаш одамҳо,
ҳама хокистариранг,
шишта як даста одамҳо,
бе сухан бо ҳам, шабеҳи мурғакон,
бемадор, афтода гӯӣ з-абрҳо, дар сақфи киштӣ...
лек не ин буд аҷибам, ин панаҳгоҳ, одамони он
менамудам, ки худи ман гӯиё будам дар он ҷо,
аз дарун медонам ин ҷоро, бо ҳама фарш
то ба дастакҳои торики биринҷияш
бо ҳама фарёд, бо бӯи пешобу хлору бодғарҳо,
сайри даҳлезу садои пӯшиши дарҳо — бигзаро, бигзар...
О, на раъд аст ин ба дӯши пул,
ин Киё-Киё ба парвоз аст дар авҷи само
шишта рӯи чархароба бо садои наъраҳои чархҳо
аз паси ӯ як изи сусту сафед
мешавад пайваста обу арғувонӣ мешавад,
бо нишониҳои асрор...
Ӯ чӣ гуфтан хост, меандешаму аз хоб мехезам,
субҳдам аз баъди ними аср, омехта хобу ҳақиқатро,
дида медӯзам ва мебинам одами истодаро,
андаруни оби хира боз ҳам пурсанда:
чӣ? киро? — аз тиҳигаҳ лек посух нест, нест, нест!
Оҳ ин зарбулмасал: ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ ё ба зар,
Ин ҷаҳон дар пеши пои мост... Киё! Киё!