Караоке*


Маро гирад фаро хамӯшӣ,
гӯӣ ташкилоти марг.
Маро андеша бо хомӯшӣ пар во мекунад
бар осмони шаб.
Дар он ҷо акси ово ҷуста, меёбад.
Кунад эҷод.

Мусиқӣ, кӯчаи Ландан,
Ба ман ангеза дода осмони шаб,
Дар он ҷойе, ки рӯи мизи истода
Ба пиво, виски ҳамраҳ карда бо харчанг
Ҷаноби Кокни фарёд аз сардӣ бурун орад,
Таҷассум гашта дар ойина акси нахл бо сад ранг.

Ва хонум Кокни бо андак-андак ноз
Ба саҳна мебарояд пеши микрофон,
Ба пеш оварда зонурову бо сина
Барояд пешвози савту сози хуш,
Бикӯшад ӯ дурахшидан тани урён,
Ба тақлиде ба авзои яке девонаи сарсон.

Сарояд ӯ ба-дон соне, ки битвонад,
Зани кас нест ӯ, ташбеҳи кас нест.
Диҳад шӯру шарар бар зиндагонӣ,
Қафо монда вай аз оҳанги фохир,
Ва ё оҳанг худ моро фиребад,
Бигирад қасди он фавтида шоир.

Пароканда бикун ғамро ту аз ман,
Бикун ором Апполони Есенин.
Чунин Сабвей** ҳам бар дур н-ояд
Ки бар рӯи шимол ӯ рӯ кушояд,
Тавон инро тасаввур кард зинда,
Бинӯшӣ май пайи ҳам чида-чида.

Ҳама ин аз караоке бувад, дон.
Нигоҳи чашми мешӣ дар дили шаб,
Саҳар хокистарӣ, умқаш сиёҳ аст,
Миёни панҷааш бигрифта дилро
Фишорад дар дами созу тафу таб.
Бидуни шарму андеша ба ҳар ҷо.

Шифо кун дардҳоятро, шифо кун
Дар умқи нимашаб гӯё бигӯяд,
 Аз ин табларза мисли шӯрнӯле
Кунад бе иддао парвоз сӯят.
Зи пушти шуҳрати русӣ басеҳо
Ба каф бигрифта мифтоҳи таманно.

Танназул мекунад акнун хамӯшӣ.
Амонӣ ҳукм дорад дар ҳама ҷо.
Суруди аллаи поку мусаффо
Кунад парвоз бар авҷи самоҳо.
Ба мо пайғом дорад аз амонӣ,
Зи файзи рӯзгору зиндагонӣ.



* Караоке — навъи мусиқӣ, суруд.
** Сабвей — шабакаи хидматрасонӣ.