Гӯргузории эвенҳо*


Писарҳои аҷалдуздидаи худ
Саҳаргоҳон бихобонед дар гӯр.
Бимон, хуршеди нав рӯшан бишӯяд,
Ҳамон рӯи карахти сард аз нур...
Чунин ҳам халқ паймояд раҳи худ,
Бимирад халқ.
Аз пирон ҷавонҳо
Бубинӣ, пештоз афтода ногоҳ,
Ба сӯи мулки нилиранги дигар...
Азеро, руста сӯзанбаргҳое,
Сапед омад заминро рӯпарида.
Саҳаргоҳон,
Ҷаҳони хуфтагонро,
Писарҳоро бихобенед дар ҷо.




* Тунгусҳои қадим.