Дар такмили Данте
Агар он ҷо будам, аз ин чӣ ҳосил?
Юрий Левитанский
...утоқҳои серуни кофурӣ
Лев Лосев
Ҳар сӯй қутиҳои оруву садои пар-пари онон,
Кам монда, то пайваст гардам бо такудавҳояшон ман низ,
Чашмат кушоиву кунӣ эҳсос: мурдастӣ
Як сония з-ин пеш андар хоб, ин сон тез.
Бишмар, ки толеат баландӣ кард, аммо сар мадеҳ аз даст,
Ин ҷо батолеъанду бетолеъ ҳама яксон ба мисли тирагиву нур.
Ин ҷо работе ҳаст, лекин бе ҳақи рафтан.
Ин ҷост золи интизории бидуни вақт. Вақти кӯр.
Набвад зарурат ҳеч бар дине дар ин маъвои итминон,
Ҳам тарс ин ҷо несту рашку ҳасад чун шарм.
Як хоҳишеву — аз дари назди ту меоянд
Ёрони ҷониат, ки аз ту пештар ин ҷо расида нарм.
Ин ҷо ҳама ашё фиреби чашмҳо бошад,
Пайдо шаванд, андеша гар дар борашон зад тоб.
Одат назар созад ба роҳат ёфтан аз абр,
Бар паҳнаи мавҷи замин ҳамчун ба мавҷи об.
Бо ин фаровонии ҳар гуна садо, роҳат намояд гӯш
З-оҳангҳои хуб, чун аз хоби кобусон.
Бӯйе надорад лек, боке нест бар он кас,
К-ӯ дӯст медорад, чӣ лозим нофаю райҳон!
Оре, суханҳо пурдурахшанду ҳақанду рост,
Волотар аз онон набошад гуфта дар дунё.
Худ сояравшан субҳгоҳиву ғурубӣ нест,
Ҳамчун ҳавое, ки на сармо асту на гармо.
Ин бадгумонӣ мекунад афсурда, к-ин бошад
Ҷое, ки ё фикри баланде интизорӣ ё ки муште сахт.
Пас хаста мегардӣ зи бисёрии руҳҳои зи худ розӣ,
Ҳоло вале оянда пайдо нест, барчин рахт.



