Торҳои шишагию пудҳои бодирингӣ...

* * *

Торҳои шишагию пудҳои бодирингӣ:
Танчаи санҷоқак*, оре, баъд аз ин
Нест дигар чӯби сеҳрангез —
Гар набошад захмаи девона Погонин.

Андаруни батни танги гармхона
Дар сияҳгудоли поруӣ
Як стакаттои** ғафсе мерасад бар гӯш —
Чодари нилӣ ту гӯӣ медаронад панҷае хомӯш.

Гоҳи баруфтодани асрор байни осмону чоҳ,
Ҷилваи ашрофият, яъне итобу ноз:
Ҳангу*** оҳанганд гар чун нотавонӣ ё чу ашё
Ҳам нафас дар шакли сарвони сарафроз.

* Санҷоқак — сӯзанак (навъе аз ҳашарот).
** Стакатто — гунае аз овозҳои мусиқии байни адвор (истилоҳи мусиқӣ).
*** Ҳанг — гаронӣ, осеб, озор.