Шодобӣ афзун...

* * * Шодобӣ афзун, мазза нест аммо, он маззае, к-аҳли Фаронса дорадаш боло умреву доим бо даҳони пур кунад талқин! — аммо барои гушнаи дунё ин ҳикматаш арзиш надорад то абад як тин! Боло бувад дар пеши чашми содадил инсон аз сад ғизои нозуки аъён як ширчойу шўрбои серии доим; қур-қур нахоҳад кард баъдан ишками сераш, аз оламу зебоиаш андешиву аз ройу тадбираш, моро ҳамин серӣ бувад хушбахтии пайвастаи қоим! Он кас муваффақ шуд ба ҳарфу гўиши зебо, к-ў пур намуда аз ғизоҳо ишками худро, аз ҳар ғизое, к-ин замон дар деги ў бошад, ояд ба рўи мизашу нури сахо пошад, — дар ҷилва меояд дигар илҳоми беҳамто!