Шодобӣ афзун...
* * *
Шодобӣ афзун,
мазза нест аммо,
он маззае, к-аҳли Фаронса дорадаш боло
умреву доим бо даҳони пур кунад талқин! —
аммо барои гушнаи дунё
ин ҳикматаш арзиш надорад то абад як тин!
Боло бувад дар пеши чашми содадил инсон
аз сад ғизои нозуки аъён
як ширчойу шўрбои серии доим;
қур-қур нахоҳад кард баъдан ишками сераш,
аз оламу зебоиаш андешиву аз ройу тадбираш,
моро ҳамин серӣ бувад хушбахтии пайвастаи қоим!
Он кас муваффақ шуд ба ҳарфу гўиши зебо,
к-ў пур намуда аз ғизоҳо ишками худро,
аз ҳар ғизое, к-ин замон дар деги ў бошад,
ояд ба рўи мизашу нури сахо пошад, —
дар ҷилва меояд дигар
илҳоми беҳамто!




