Мозаика

                                             Чӣ диле? Полези беалаф
                                                                      М. Кузмин

Полез нест ин, бувад ин боғ бегумон,
Ё гулшанест каснагузар, тарккардае.
Оғози бенавоиву гаштан тиҳӣ аён...
Аз ҳосиле, ки медиҳад он баҳри муъминон
Аммо Худои киштаву полез шодмон.
Оре, чу нодуруда чаман хуррам аст дил
З-он ки хароб мешаваду мерасад хазон.

Печидаанд буттаю хас бо гулу гиёҳ —
Рахшанд низ пунбачаманҳо ба гирду пеш —
Вақте ки ман миёни алаф роҳгум задам,
Дар пои ман заданд кишан ин ҳама сипоҳ.
Ҷонам ҷабид шӯраи ин хокро ба худ,
Қонуни ин тавораи сангин чунин бувад,
Гоҳе ки боз манзара бошад зи чаҳ ба моҳ.

 Ҳуљайрањои зиндаи баргро дидам:
дандонаҳо, рагҳо — тантанаи таносуб,
рангҳо бе нишони бемор, —
ва рўпўши ҳамворшуда бо шоха…
Паҳлуи пурҷилои бемаъниг,
ҷон ноумед, раҳої аз марг нест: ва
гул, ва барг, ва шоха — беҳудаанд.

Не заҳри оҳакиву на гӯгирди оҳанӣ
Мурдан на боздораду заҳри бром ҳам.
Сар мешавад зи гарду ғубори париданӣ,
Пас пираҳан ба бар кунад он сон, ки наварӯс,
Реша ба умқҳо бидавонад ба ҳамтанӣ.
Бар бозгашт нест раҳе ҷуз фаромӯшӣ,
Андешае хуш аст ба ҷони тапиданӣ.

Чун шарҳи он нигора, ки бошад куҳан басе
Нозук бувад фусурдани тасвир дар назар:
заъфу камол ҳарду бародар, бувад чӣ талх...
Он рӯҳ дардманд бувад, ин гуна аст агар.
Бо баргҳои кошӣ бимон фахрад ин замон,
тақдир агар ки рафтан аст аз умр беасар.