Ягон вақте, ягон вақте, ягон вақт...
* * *
Ягон вақте, ягон вақте, ягон вақт
Шавам чун зоғча ё мисли харсанг
Ва шояд сангрези теппаҳое
Намоён мешавад аз дур садранг.
Магар ин пиряхҳо мешаванд об
Ба паҳнои шимолӣ. Ҳаст дар ёд
Ҳама харсангу ҷангал, рӯду дарё
Ба бедориву хоб андар кафи бод.
Дар он сурат бифаҳмам, ки чӣ гуна
Сареҳан тарҳи нав бояд кашидан,
Хати захми дарахтон хонда бо он
Ба он мақсуди нопайдо расидан.
Шавад равшантар ин заҳмат намоён,
Даме ки кӯчиёни нав расиданд,
Ки бошишгоҳи нав бар худ бисозанд,
Зи панди рафтагон омӯхта панд.
Ягон вақте, ягон вақте, ягон вақт
Шавам чун зоғча ё мисли харсанг
Ва шояд сангрези теппаҳое
Намоён мешавад аз дур садранг.
Магар ин пиряхҳо мешаванд об
Ба паҳнои шимолӣ. Ҳаст дар ёд
Ҳама харсангу ҷангал, рӯду дарё
Ба бедориву хоб андар кафи бод.
Дар он сурат бифаҳмам, ки чӣ гуна
Сареҳан тарҳи нав бояд кашидан,
Хати захми дарахтон хонда бо он
Ба он мақсуди нопайдо расидан.
Шавад равшантар ин заҳмат намоён,
Даме ки кӯчиёни нав расиданд,
Ки бошишгоҳи нав бар худ бисозанд,
Зи панди рафтагон омӯхта панд.



