Аз силсилаи «Дувоздаҳ дидор» (1949—1990)
Сори чилунуҳум
Агар рӯҳан ту беморӣ,
Баҷуръат ҷониби баҳр о,
Гаҳе, ки маҳ авезон аст,
Чу пухта олуи зебо.
Агар рӯҳан ту беморӣ,
Ҷароҳат дар дилат монда,
Канори баҳр андак хоб,
Шавад захм аз дилат ронда.
Фақат оҳиста он сон кун,
Нагардад бохабар дунё,
Гаҳе, ки маҳ авезон аст,
Чу пухта олуи зебо.
Дарахти сабз бар дуди
Кабуд ғарқида сар то по,
Вале дар чашми мо обӣ
Расад ин манзари зебо.
Машав ҳайрон ту он гоҳе,
К-аз ин амвоҷи пуртуғён
Барояд духтаре зебо
Нишинад дар барат хандон.
Чу як узви замин зинда,
Чу афсона, чу уммед аст,
Бигӯяд ваъда ҳоҷат нест,
Ҳузури ту маро ид аст.
Нагӯ ҳарфе, нагӯ ҳарфе,
Сухан борест нодаркор,
Ман аз чашми ту мефаҳмам
Туро бе ҳарфҳо, эй ёр.
Бигирад печу тоб амвоҷ,
Бигардад чирчирак хомӯш,
Лабаш наздик ба лабҳоят,
Расад оғӯш дар оғӯш.
Фақат инро бубояд кард
Чунон оҳиста беово,
Гаҳе, ки маҳ авезон аст,
Чу пухта олуи зебо.
Бимон, то дӯстон ханданд,
Ба ин сон хоби ширинат,
Расӣ дар хоби худ шояд
Ба сад уммеди рангинат.
Бимон бо шубҳаҳо ханданд
Надорам ман зи кас парво,
Гаҳе, ки маҳ авезон аст,
Чу пухта олуи зебо.
Соли панҷоҳу сеюм
Садои бастани дар
бо ғазаб ҳоло нарафта дур,
Дилам хоҳад туро бинам
Зи нав дар лобалои нур.
Довонам боз ман сӯе
Умеди ботиле дар дил,
Ки дарёбам шаби рафта,
Бигардам бо ту ҳамманзил.
Шаб, аммо мезанад фарёд,
Машав осемасар, биншин.
Ба рӯи барф нақши по
Диламро медиҳад таскин.
Бале, бишнохтам онро,
Ба байни кӯчаи Маскав,
Миёни ҳарфҳои мо
Ба ногаҳ ғусса зад партав.
Ғаму ханда ба ногаҳ рафт,
Чу дасти мо ба ҳам омехт,
Ба каф бардошт моро барф,
Ба дӯши мо саодат рехт.
Аминам, бишнавам: «Оре!»
Ман аз лабҳои гулгунат.
Бимонад накши мо дар роҳ,
Намои рози афсунат.
Хамӯшона қадам монем,
Таҳи по барф — абрешим.
Касе то мо нарафт аз он
Чунин озода, беосим.
Инак дар ёд дигар нест
Садои он бари баста,
Ба сӯят медавам, то боз
Туро ёбам зи худ раста.
Расад фарёди шаб, аммо
Гузашт он барфу шуд ором,
Аз он розӣ, ки шуд ҳамвор
Ҳама ҷо нақш дар фарҷом.
Соли панҷоҳу панҷ
Он қадар кӯшид ҷини рӯҳи хона,
Аз паси мо дар дару дар остона,
То надорӣ ту маро дар кунҷи айвон,
То набӯсӣ ту маро бо ҳар баҳона.
Мисли саг он қадр уллас мекашид,
Зинаҳоро бо ҷарангосаш шумурда.
Баста дарҳои даромадгоҳро
То ба ҳам н-оем мо лаззат набурда.
То кунад нохуш ба мо ӯ зиндагиро
Ҳар даме дар ҳар куҷо омода буд,
Гурбаҳоро ҳам ба мо медод таҳрик
Низ фаррош — он намои бенамуд.
Эй басо шайтонгарӣ омӯхт ӯ
Ёд дода кӯдакони шӯххислатро
То бимиронад зи тарс афрӯхта,
Барқро ногаҳ ба болои сари мо.
Мо ситода даст бо дастони ҳам,
Рӯ ба рӯи ҳамдигар бинҳода гарм,
Ӯ ба рӯи бом бо ғавғои беҷо
Шаб намемонад, ки мо хобем нарм.
Оҳ, ҳавлидори пири рафта аз ёд,
Бе ту ман бе шуғл мондам ин замон,
Хоҳам андар кунҷи ҳавлӣ рӯ намоӣ,
Пеши чашмонам бароӣ ногаҳон.
В-он чуноне, ки дар он айёми дур,
Дар канори зинапоя шишта беғам,
Дона-дона чӯбаки гӯгирдҳоро
Даргиронам, бар заминҳо афканам.
Гӯш бидҳам интизори посухи ӯ,
То садое бишнавам аз рӯи бом.
Ё ки нест акнун дигар он пиракӣ,
Ё ки рафт ӯ як даме баҳри таом.
Соли шасту ҳаштум
Ба Клодия, ки ба муаллиф дар рӯзҳои
иди Сатурналий тӯҳфа дод...
Ба сӯи ҳамдигар моро кашиш буд,
Чи гуна ташнаи дидор будем.
Дар он рӯзон, Катулл* ман будаму ту
Чу Лесбия**, ба ҳам мо ёр будем.
Ба ҳар маврид шаб ё рӯз, бефарқ,
Агар хоҳам ба пешат мерасидам.
Агар пурсам: ту мехоҳӣ? Ба посух:
— Бале, мехоҳамат, — ман мешунидам.
Навозишҳои ҳамдигар. Ба ҳар навъ
Раво медоштем армони худро.
Сатурал буд дар Рим — иди дерин,
Нишоту айш буду базми зебо.
Ҳарису маст дарафтода бо ҳам,
Ба ҳам бо меҳрубониву навозиш.
Дар он шаб бо Тиберий*** хоб кардӣ,
Сари мастӣ туро ин буд хоҳиш.
Шапотӣ додаву пурсидамат узр,
Ба ҳамдигар басе ҳам дода мо ғам.
Зи нав огандаи эҳсоси сӯзон
Дарафтодем вопас боз бо ҳам.
Буд августу ҳамон моҳи занона,
Ба Рими сеюму бар шаҳри Маскав.
Зи нав бедор шуд эҳсоси хуфта,
Задӣ ҳалқа маро бар гардан аз нав.
Ва мо аз бесарӣ ғайриирода
Ҳама ганҷури худро боз кардем.
Чуноне дар Блоку песаи ӯ
Ба сӯи дигарон овоз кардем.
Зи нав дар рӯз ё дар шоми торик
Телефонӣ садоят мекунам ман.
— Бале! — ояд садоят: — хоҳамат боз.
Зи овои ту гардад шом рӯшан.
Зи нав иди Сатурал мешавад боз,
Садои хандаи мастона ояд.
Ба рӯи мизи дастурхони рангин
Тамоми неъмати олам фарояд.
Тиберий дар куҷое мезанад гом,
Расад ӯ дар гузашти рӯз то мо.
Ту меоӣ, ки хушбахтам намоӣ,
Ту меоӣ, ки ёбам боз маъно.
Соли ҳафтоду сеюм
Ба рӯзоне, ки ҳастӣ дар Одесса,
Набинам бе ту то ранҷи ҷудоӣ,
Қарорам шуд, ки бо Баҳри Сиёҳат
Ба даст орем ҳусни ҳамбақоӣ.
Шавад ин баҳр амалдори қаламдаст,
Ба кор ояд бари хизмат пагоҳӣ,
Намонад субҳидам ӯ дер аз кор,
Шитобида биёяд ӯ зи роҳе.
Қабул карда ҳама пурсандагонро,
Ба пеши чашми раҳбар тоб хӯрда,
Сигорашро кашад ҷойи муайян,
Навишта бо қаламҳои фусурда
Ба ҷойи ман ба дафтарҳои корӣ.
Бихобам ман ба болои шағалрез.
Маро аз дур бинанду набинанд,
Ки ҳастӣ аз сари ман меравад тез.
Аз он дарвоза — Байдар то Стамбул
Маро бинӣ, ба дав сӯям биёӣ,
Туро бо меҳр бигрифта дар оғӯш,
Зи дасти бетуӣ ёбам раҳоӣ.
Туро то, ҷони ман, гирам дар оғӯш,
Биғелониву ғелам бо навозиш.
Ки то аз ин навозишҳо дили ман
Шавад шоду ба ман охир шавӣ зан.
Соли ҳаштоду якум
Дар он ҷо, ки санавбарҳои соҳил
Гирифта якдигарро андар оғӯш,
Бихандиданд то ҳадде, ки рехт ашк,
Дами падруд кардан дӯш бар дӯш.
Бихандиданд ҳамчун кӯдаконе,
Ба як ангезиши тифлона бо завқ,
Ту гӯӣ не ғаме буду на биме,
Агарчи баста шуд бар ҳар яке тавқ.
На майли хешро саркӯб карданд,
На ваҷди хешро сӯе ниҳоданд.
Ба арғуште, ки як тартиб надорад,
Ба ҳам якҷоя дасту по кушоданд.
Худо аз баҳри таскини дили мо
Ту гӯи карнавал оғоз бинмуд.
На ОВИР дод иҷозат бар ту, аммо
Ба рӯи ту дари эҳсон-ш бикшуд.
Барои мо, ту гӯӣ, не дақиқа
Худо бахшида бошад солҳоро.
Бихандидему хандидем вопас,
Ту гӯӣ бори охир бо таманно.
Соли ҳаштоду нӯҳум
Занад пар соати панҷуму ҳоло
Занад раъду шавад барқе муҷалло.
Нигоҳе кун ба чорум ошёна
Биёяд накҳати қоқу зи боло.
Баногаҳ фарш андар рӯи асфалт
Чу оина бунафшӣ гашт осон,
Мусофирҳо мисоли корти бозӣ
Валету дама гардиданд як он.
Битаркид сақфи гардун ногаҳонӣ,
Фурӯ овард бар мо сели борон,
Тиҳӣ гардид дар як дам ҳама ҷо,
Ҳама гаштанд аз борон гурезон.
Бизад чун гирдбод аз хеш паҳлу,
Ҳама ҷо мавҷи кафку рӯи гирдоб.
Ту сӯи ман давонӣ, ман тиҳипо
Зи майдон ҷонибат оям ба сад тоб.
Шавам шах назди дар ҳар гаҳ расидам,
Биистам лаҳзае орому хомӯш,
Ҳушу ёдам ба сӯи зинапоя,
Ки мусиқии поятро кунам гӯш.
Биё охир, биё охир, биё зуд,
Саратро ҷониби ман майл дода,
Ба чоши қатра аз тирукамонҳо,
Ба бӯи қоқу оғӯшат кушода.
Соли навадум
Агар мирам, шавам баҳре, ту аммо
Бикун таъхир дар рафтан зи дунё.
Бизӣ бар коми худ бе дарду бе ғам,
Басе рӯзу маҳу соле ба фардо.
Маро бошад таманное, ки чун баҳр,
Ҳама поку кабуду файзафшон
Туро дар он дара поям шабу рӯз,
Ба дидорат расам як рӯз ин сон.
Ту бишнав ғурриши баҳри дамонро,
Бубин савту навои мавҷи печон,
Бувад ин шув-шуви шавқи дили ман,
Ба роҳи интизорият нигаҳбон.
Ба ногаҳ по гузорӣ ту ба мавҷам,
Дароӣ аз дари амвоҷи соҳил,
Бишӯям пойҳоятро ба сад меҳр,
Бишӯям аз дилу ҷон, аз таҳи дил.
Барад амвоҷ оғӯшат гирифта,
Ба поёну ба болову ба ҳар сӯ,
Ба ҳам сина ба сина даст дода
Чу пешин давр дар дил шавқи мину.
Навозам, то навозам, то навозам
Баёзатро, лабонатро ба лабҳом.
Баробар нест ҳаргиз мастии ту
Ба мастии ҳазорон бодаву ҷом.
Аз ин дидор сӯи хонаи худ,
Даме, ки боз мегардӣ ту хаста,
Садои қалби ман чун раъду барқе
Равад сад бандро дар раҳ гусаста.
* Катулл — шоири Рими Қадим.
** Лесбия — маъшуқаи шоир.
*** Тиберий — императори гузаштаи Рим



