Одамони маҳзун

Вой бар мо, вой!
Одамони маҳзун омаданд ба иди мо,
одамони маҳзун!
Ғур-ғур карданд, манқавор гуфтанд:
ин иди шумо ид нест!

Одамони маҳзун, чеҳраҳои пажмурда,
дар нигоҳашон хумори субҳона.
Омаданду пешонӣ пурчин карданд:
«Моро писанд наомад!
шодии шумо шодмонӣ нест!

Хуррам нест моро хуррамии шумо, турш асту
тоқатфарсо, бо шумо будан талх аст!»
Одамони маҳзун дар мо маъние намебинанд,
На фоида мебинанду на суд!

Гузаштанд, таҳқиромез помол карданд,
баъд ба қафо нигариста туф андохтанд,
пих-пихкунон ишора ба ангушт доштанд, нишон медоданд:
ин ҷо ё он ҷо...

Хамёзакунон, хамёзакунон... Арақшор шуданд, уф-уфкунон,
ғинг-ғингкунон ба шиква: ин хел нест, он хел нест.
бозиямон на ин тарз буд, сурудамон на он тарз,
дар охир ҳам на он хел шуд, ки мебоист шавад!

Дар рӯшанӣ маъқул нест, дар дигар ҷо ҳам ин сон,
бас дарднок неш заданд, халониданд бас дарднок,
бо печутоби рӯяшон гуфтанд маҳзун одамон:
Бас,
        бас,
               бас!

На дар пиёла маъқул, не ҳам дар зарфи дигар,
Садбарг ҳам на он садбарг аст, мурғак ҳам на он мурғак,
Ва бо пархош рафтанд одамони маҳзун,
Ид аммо идома дорад боз!