Имрӯз дар даҳр
22-юми июн дар сафи қатори мураттаб
Артиши шуҷои олмонӣ
Бо бутунии сарҳади хеш
Дар тагчармии мӯзаҳо
Ба сарзамини ба ном рус даромад
Лашкари рус аҳдшиканона муқовимат мекунад
Ҷомеаи байналмилалӣ даъват доранд
Русҳо хунрезиро бас кунанд
Президенти Иёлоти Муттаҳида
Таҷовузи русҳоро маҳкум кард
Русҳо дар Маскав ҷамъ мешаванд
Дастаҳои мусаллаҳ аз Сибири соҳибистиқлол
Қатли оми олмониҳо дар назди Маскав
Қатли оми олмониҳо дар назди Сталинград
Трибунали Гаага талаб мекунад, ки Суворов ва Кутузов ҷазо дода шаванд
Петри Якуми ҳолландӣ дасисона Карл 12-и шведро таъқиб мекунад,
Ки бо боздиди дӯстона ба Украинаи норинҷӣ омадааст
Президенти Гурҷистон ба сержант Кантария манъ кард,
Ки парчами ғалабаро бар Рейхстаг барафрозад.
Реклама:
Арзишҳои Ғарб. Шириниҳои Шарқ
Ҳуқуқи инсон. Ӯҳдадориҳои оилавӣ.
Бехатарии Аврупо. Гриппи Осиёӣ.
Аборигенҳои встралягӣ. Фили африқоӣ.




