Хоби хуш кардам таманно, хоб даҳшатбор шуд...

* * *

Хоби хуш кардам таманно, хоб даҳшатбор шуд,
аз пасаш кардам назар дар рӯ ба рӯ изҳор шуд.
дар шумори панҷаҳо гаштам мувоҷеҳи хато,
рӯҳҳое гашта ворид беибо бар рӯҳи мо.
Шавқи бадгунро агар рондам, фурӯ омад нагун,
сеҳри оламро шикастам, лек шуд сеҳраш фузун.

Одамӣ чун хешро дар ғаждии оина дид,
акси ӯ бо дидаву бо чеҳраи дигар расид.
 ҷисми мункири Худоро он ҳама васвоси дун,
 беибо карданд як рӯзе зи қабри ӯ бурун.
Ҳарчи нопок аст, ронӣ ҳам, расад аз нав нагун,
Сеҳри одам бишканем, аммо шавад сеҳраш фузун.

Одамон дар моҷарои нону қутте лоямут,
раҳравон хобанд бо ҳам дар раҳи пасту ҳубут.
Мушт ҳам кӯбӣ, намехезанд аз хоби гарон,
бинаму гирам гиребон бо нидои «ал-амон!»
Меканӣ занҷири поро, беш мегардад зи бун,
сеҳри олам бишканем, аммо шавад сеҳраш фузун.

Шарҳи илмӣ деҳ ба ман, оё чаро ин сон бувад,
рӯҳу ҷисму себу такрезаш ҳама сарсон бувад.
рахнаҳову роғҳо пур гашта аз даҳшат кунун,
пири мурда дар миёни издиҳом афтад нагун,
рост кун ин нақшаро в-арна мегардад забун.
Сеҳри олам бишканем, аммо шавад сеҳраш фузун.