Тасвири Густав Курбе «Кулба дар кӯҳ» - ро ба ёд оварда
* * *
Тасвири Густав Курбе «Кулба дар кӯҳ» - ро
ба ёд оварда
...Кунун сарфи назар натвон намудан абрро,
Не кулбаро дар мағзҳои он намоишгаҳ.
Дар он ҷое, ки оромист.., ҳасрат рӯнамо дорад,
Фурӯ меояд аз анвори нури шабчароғи раҳ.
Дар ин сон ҳуҷра, андар кулбаи Курбе
Бубояд умри боқиро ба сар бурдан.
Ба ҳарфе ҳарфи навро тоза зам кардан
Ва ин сон аз сухан файзе бадар бурдан.
Бидидан чун Табиат мекунад торик
Куҳистонро, ба чашми рӯшанӣ дидан.
Ниҳодан гӯш бар ҳазёни бод ором,
Аз ин манзар ба чашми сидқ гул чидан.
Майи оддии гироро бинӯшидан,
Фурӯ бурдан варо бо таъми оби сард.
Чу шуд торик кӯҳистон ба торикӣ
Фурӯ рафтан, шудан ҳаммояву ҳамдард.
Ба лаҳни ҳуштаки нарме расад бар гӯш
Суруди обҷӯшии қувони об.
Ба зери савти он андеша мерақсад,
Ки ёбад мисраъ ҳам дар рӯи коғаз тоб.
Ва дидан зиндагониро ба чашми худ,
Дар ин анвори хушманзар ба садҳо ранг.
Зи ташвишҳои олам дур гардидан,
Чу дар аҳди қадим дар ҳолаи аржанг.
Тасвири Густав Курбе «Кулба дар кӯҳ» - ро
ба ёд оварда
...Кунун сарфи назар натвон намудан абрро,
Не кулбаро дар мағзҳои он намоишгаҳ.
Дар он ҷое, ки оромист.., ҳасрат рӯнамо дорад,
Фурӯ меояд аз анвори нури шабчароғи раҳ.
Дар ин сон ҳуҷра, андар кулбаи Курбе
Бубояд умри боқиро ба сар бурдан.
Ба ҳарфе ҳарфи навро тоза зам кардан
Ва ин сон аз сухан файзе бадар бурдан.
Бидидан чун Табиат мекунад торик
Куҳистонро, ба чашми рӯшанӣ дидан.
Ниҳодан гӯш бар ҳазёни бод ором,
Аз ин манзар ба чашми сидқ гул чидан.
Майи оддии гироро бинӯшидан,
Фурӯ бурдан варо бо таъми оби сард.
Чу шуд торик кӯҳистон ба торикӣ
Фурӯ рафтан, шудан ҳаммояву ҳамдард.
Ба лаҳни ҳуштаки нарме расад бар гӯш
Суруди обҷӯшии қувони об.
Ба зери савти он андеша мерақсад,
Ки ёбад мисраъ ҳам дар рӯи коғаз тоб.
Ва дидан зиндагониро ба чашми худ,
Дар ин анвори хушманзар ба садҳо ранг.
Зи ташвишҳои олам дур гардидан,
Чу дар аҳди қадим дар ҳолаи аржанг.


